Тими "Хайр" дастаи "Равшан"-ро бо ҳисоби бузург шикаст дод

© Официальная страница ФФТБозигарони дастаи "Хайр"-и Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ
Бозигарони дастаи Хайр-и Ваҳдат. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Кулли бозиҳои даври аввали футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ, ки рӯзи панҷшанбеи 7 апрел оғоз гардида, то якшанбеи гузашта идома ёфтанд, бо пирӯзии соҳибони майдонҳо анҷом пазируфтанд.

 

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Бозиҳои даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 7, 9 ва 10 апрел баргузор шуданд. Дар чор бозӣ мизбонон ғолиб омаданд ва як бозӣ бо натиҷаи мусовӣ хотима ёфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи кишвар.

Ин мусобиқот рӯзи 7 апрел бо бозии "Истиқлол"-и Душанбе ва "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ бо пирӯзии “Истиқлол” оғоз гардида, дастаи душанбегиҳо бозиро бо ҳисоби бузурги 4:0 ба нафъи худ анҷом дод.

Дилшод Восиев (аз чап) ва Фатҳулло Фатҳуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду тӯби Фатҳулло Фатҳуллоев дар бозии нахустини “Истиқлол”

Ду бозии дигари даври аввал рӯзи шанбе баргузор шуданд. Дастаи "Хуҷанд"-и Хуҷанд тими меҳмон — "Вахш"-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Ҳар се гол дар нимаи дувуми бозӣ зада шуданд. Тӯбҳоро аз "Хуҷанд" Дилшод Бозоров (47) ва Саидҷон Шарифов (85) заданд. Голи “Вахш”-ро Нуъмонҷон Ҳакимов (90+5) ба ҳадаф расонд.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин, дастаи "Регар-ТадАз" дар майдони худ бо ССКА "Помир"-и Душанбе бо ҳисоби 2:1 ғолиб омад. Давронҷон Тухтасунов, бозигари меҳмонон, дар дақиқаи 8-ум аз ҷаримаи 11-метрӣ ҳисобро боз кард. Фирӯз Қараев (45+1), бозигари мизбонон пеш аз танаффус ҳисобро баробар намуд ва тӯби ҳалкунандаро як дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ҳамлагари "Регар-ТадАЗ” Бахтиёр Чориев (89) ба ҳадаф расонд.

Рӯзи гузашта бошад, ду бозии боқимонда сурат гирифт. Тими "Хайр"-и Ваҳдат дар майдони худ "Равшан"-и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 4:0 мағлуб кард. Дар ин бозӣ аллакай дар дақиқаи 7-ум капитани “Хайр” Идибек Ҳабибуллоев барои қоидаи бозиро дағалона вайрон кардан аз майдон хориҷ шуд. Вале мизбонон, ки даҳ нафар муқобили ёздаҳ нафар бозӣ карданд, тавонистанд ба дарвозаи меҳмонон чор голи беҷавоб зананд.

Бозии охирини даври аввали мусобиқот миёни дастаҳои "Ҳосилот"-и Фархор ва "Барқчӣ"-и Душанбе бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.  

 

 

Лентаи хабарҳо
0