Роҳнамои нахустини Чин. Барои харобшавӣ

© Flickr / Benjamin Linh VUТарозу. Акс аз бойгонӣ
Тарозу. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мувофиқи маълумоти кумитаи давлатии тандурустӣ ва танзими оилаи Чин дар соли 2015 наздики 30%-и аҳолӣ аз 18-сола боло дар ин кишвар аз фарбеҳӣ (вазни зиёдатӣ)азият мекашанд. Ин нишондод ҳатто дар муқоиса бо дигар мамлакатҳои рушдёфта бештар аст.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Духтурони чинӣ барои нафароне, ки аз доштани вазни зиёд азият мекашанд, дастури нахустинро пешниҳод намуданд, менависад РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи China Daily.

Ченкунии бадан. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Теъдоди фарбеҳон дар Тоҷикистон камтар аст. Нисбат ба дигар кишварҳо

Роҳнамо аз ҷониби Ассотсиатсияи табибони Чин (CMDA) якҷоя бо ассотсиатсияи байналмилалиӣ оид ба мубодила ва омӯзиш дар муассисаҳои тиббӣ ва тандурустӣ (CPAM) ва ду ташкилоти дигари беҳдоштӣ таҳия гардидааст.

Дар омода намудани дастур беш аз 100 мутахассис даст дошта, он тайи як сол омода ва нашр шудааст.

Дар маводи омодашуда муқаррароти асосӣ барои хароб шудан, аз ҷумла маслиҳатҳо оиди интихоби парҳез ва машқҳои варзишӣ оварда шудаанд. Соли 2016 дар 39 бемористонҳои 20 шаҳри Чин барномаи озмоишӣ бо мақсади кам кардани вазни зиёдатӣ ба роҳ монда шудааст. Интизор меравад, ки дар оянда ин гуна барномаҳо дар дигар табобатхонаҳо низ фаъол гарданд.

Тибқи маълумоти кумитаи тандурустӣ ва танзими оилаи Чин то охири соли 2015 дар ин кишвар 30%-и аҳолии аз 18-сола боло аз зиёд будани вазн азият мекашанд ва ин нишондод дар  ҳоли афзоиш аст.

 

Лентаи хабарҳо
0