Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Беш аз 200 ширкати ФР хостори маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистонанд

© Sputnik Амир ИсаевБозори "Шоҳмансур". Акс аз бойгонӣ
Бозори Шоҳмансур. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳамкориҳои Русия ва Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд карда, домани фарох пайдо менамоянд, гуфт раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид. Айни ҳол 75 вилояти Русия тироҷату савдои мустақимро бо Тоҷикистон ба роҳ мондааст.

ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Беш аз 200 ширкати саноати хӯрокворӣ, ташкилотҳои савдои яклухт ва чаканаи Русия тайёранд бо ташкилотҳои Тоҷикистон шартномаи мустақим банданд, менависад дафтари матбуотии палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

"Русия чанд сол боз аз байни ҳамкорони хориҷии кишварамон дар ҷои аввал меистад", —гуфт раиси ПСС ҶТ Шариф Саид.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон: содироти меваю сабзавот ба Русия бояд 3 баробар зиёд шавад

"Бояд шабакаи мустақими боэътимод, босубот ва доимӣ барои интиқоли маҳсулотҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ба бозори Русия таъсис дода шавад. Айни ҳол кор бо соҳибкорони минтақаҳои гуногуни Русия барои интиқоли мустақими маҳсулот идома дорад. Дар аксари боғҳои кишвар навъҳои баландсифати ангур, ки дар хориҷи кишвар талаботи зиёд доранд, парвариш карда мешаванд", —илова кард ӯ.

Ҳамчунин дар бахшҳои истеҳсоли сабзавот, сабзавотҳои барвақтӣ, лимӯ, анор парвариши меваҳо ва тайёр кардани афшураҳо, помидор, нӯшокиҳо, шарбат, мураббо, асал ва ғайраҳо низ чанд лоиҳаи ҳамкорӣ роҳандозӣ карда мешавад.

Ҳамкориҳо ба Тоҷикистон имкон медиҳад, интиқоли сабзавоту меваҷотро то панҷ маротиба зиёд кунад.

"Барои афзоиш додани истеҳсолот ва содироти меваю сабзавот замина ҳаст",-изҳор дошт Шариф Саид.

Қаблан иттилоъ дода шуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ кор бо ҳамроҳшавии кишвар бо мамлакатҳои низоми тиҷорати аврупоии Generalised scheme of preferences (GSP+)-ро оғоз кардааст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала