Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

Олимони донишгоҳи Калифорния дар натиҷаи тадқиқот ба хулоса омаданд, ки издивоҷ ҳам ба зан ва ҳам ба марди гирифтори саратон таъсири мусбат дорад.

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Агар нафарони гирифтори бемориҳои онкологӣ оиладор бошанд, барои муолиҷаи саратон имконияти бештар доранд, ба хулоса омаданд олимони донишгоҳи Калифорния дар Сан-Диего.

Маркази саратоншиносӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон теъдоди гирифторони бемории саратон афзоиш ёфтааст

Муаллифони гузориш, менависад РИА Новости, итилоъ медиҳанд, ки дар рафти тадқиқот маълумотҳо аз феҳристи беморони саратони иёлоти Калифорния истифода шудаанд. Тадқитот маълумоти 800 ҳазор нафарро, ки гирифтори яке аз даҳ намуди  бемориҳои онкологианд, зери таҳлил қарор дода, ташхиси солҳои 2000 то 2009-ро дар бар мегирад. Олимон то соли 2012 вазъи беморонро таҳти назорат гирифтанд.

"Мо фикр мекунем, ки ин ҷо бештар омилҳои иҷтимоиро бояд ба назар гирифт, на иқтисодӣ",-қайд мекунад, яке аз муаллифони тадқиқот, профессори донишгоҳи Калифорнияи Сан-Диего Мария Елена Мартинес (Maria Elena Martinez).

Натиҷаҳои пажӯҳиш нишон медиҳад, ки издивоҷ ҳам ба зан ва ҳам ба марди гирифтори саратон таъсири мусбат дорад. Дар баробари ин самаранокии оиладоршавӣ аз ҷинс, нажод ва мансубияти этникӣ вобаста аст. Ҳамчунин, олимон ба хулосае омаданд, ки оиладорӣ бештар ба беморони ғайри лотинӣ-америкоиҳо таъсири мусбат дорад.

Эҳтимолияти вафот кардан аз бемории саратон дар мардони безан дар қиёс бо мардони оиладор то 24% баландтар буда, эҳтимолияти гирифторӣ ба ин касалӣ дар занҳои бешавҳар то 17% нисбати занони оиладор зиёдтар мебошад.

Акнун олимон бояд хулоса кунанд, ки чӣ гуна издивоҷ ба беморон таъсири мусбат мерасонад. Эҳтимол ин ҷо сухан дар бораи дастгирии иҷтимоӣ  меравад; ҳолатҳое, ки яке аз аъзоёни оила дар ҳолати рӯҳафтодагӣ ӯро ҳимоят мекунад, дар мавриди пайдо шудани нишонаҳои беморӣ маслиҳат медиҳад то ба духтур муроҷиат кунад, вақти истеъмоли дорруро хотиррасон мекунад, илова менамояд Мария Елена Мартинес.

Помпаи инсулин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
CУТ: шумораи беморони гирифтори қанд чор маротиба зиёд шуд

Ба назари професор ин тадқиқот нишон дод, ки то чӣ андоза беморон ба дастгирии дӯстон, аъзоёни оила ва пизишкон мӯҳтоҷ ҳастанд.

"Мо мехоҳем, диққати махсусро ба он равона созем, ки одамони беоила ба гурӯҳи "хавфи баланд" дохил буда, бисёр осебпазиранд",-илова кард Мартинес.

Доктор Бернард Раше аз мактаби гигиена ва тадқиқоти тропикии Лондон (London School of Hygiene & Tropical Medicine) дар бораи гузориши олимони калифорниягӣ андешаронӣ карда афзуд, пажӯҳиш то саршавии ислоҳоти тандурустӣ ва ҳимояи беморон, ки бо номи "Obamacare" машҳур аст, гузаронида шудааст.

Ӯ мегӯяд, олимон дар рафти тадқиқот дар кадом замон оиладор шудан ё ҷудошавии беморон, ё дар муносибати озод қарор доштан ва ё ба дигар бемориҳо гирифтор буданашонро ба назар нагирифтаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала