Мағлубияти "Истиқлол" дар Душанбе. Аз дастаи "Нафит ал- Васат"

© Sputnik Амир ИсаевБозии "Истиқлол" - "Ҷоҳор Дорул Такзим". Акс аз бойгонӣ
Бозии  Истиқлол - Ҷоҳор Дорул Такзим. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тими “Истиқлол”-и Душанбе аз дастаи “Нафит ал-Васат”-и Ироқ шикаст хӯрда, шонси идомаи сабқатро дар бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016 аз даст дод.

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта дастаи "Истиқлол" дар Варзишгоҳи марказии Душанбе бо тими "Нафит ал- Васат"-и Ироқ вориди сабқат гардида, бозиро бо ҳисоби 0:1 бохт ва бо ҳамин имкони баромадан ба даври баъдии бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод.

Бозии дастаҳои Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бохти “Истиқлол” дар Ҷоми AFC-2015 аз тими “Триполи”

Ба иттилоъи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ин бозӣ дар доираи даври чоруми бозиҳои гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи Осиё-2016 баргузор шуд. Голи ягона дар ин бозиро дар дақиқаи иловагии 90+2 Ҷасим Муҳаммад, бозигари дастаи меҳмон вориди дарвозаи мизбонҳо кард.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе дар мусобиқоти мазкур дар гуруҳи "В" бо "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ мекунад. Қаблан, тими душанбегиҳо дар Теҳрон аз ҳамин даста бо ҳисоби 2:0 шикаст хурда буд. Новобаста аз натиҷаи бозиҳои баъдии гуруҳӣ "Истиқлол" аз идомаи сабқат маҳрум гардид.

Дар ҳоли ҳозир, "Нафт ал-Васат" бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" бо 8 хол пешсафи ҷадвали гуруҳ буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. "Истиқлол" бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.

Дастаи "Истиқлол"-и Душанбе аз тими "Триполи" қаблан бо ҳисоби 1:2 бозиро бохта, танҳо бозии нахустини гуруҳиашро дар Душанбе бо дастаи "Ал-Файсал"- Урдун мусовӣ анҷом дода буд.

Тими "Истиқлол"-и Душанбе Қаҳрамони чаҳоркаратаи футболи кишвар буда, 6 маротиба ғолиби Ҷоми олии Тоҷикистон (Суперҷом) ва панҷ дафъа барандаи Ҷоми Тоҷикистон шудааст. Соли гузашта ба даври ниҳоии мусобиқоти Ҷоми КФО-2015 роҳ ёфта буд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала