Номзадии Озода Раҳмон ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид

© Sputnik Амир ИсаевОзода Раҳмон. Акс аз бойгонӣ
Озода Раҳмон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Интихоботи қабл аз мӯҳлат дар палатаи болоии парлумони Тоҷикистон 29 май баргузор мегардад. Озода Раҳмон метавонад ҷои собиқ раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзодаро дар Маҷлиси миллӣ соҳиб шавад.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Духтари раисиҷумҳури Тоҷикистон Озода Раҳмонӣ аз сӯи вакилони маҷлиси вакилони халқии Душанбе ба узвияти Маҷлиси миллӣ пешбарӣ гардид, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба дафтари матбуотии ҳукумати пойтахт.

Эмомалӣ Раҳмон ба Озода Раҳмон ордени Шараф тақдим кард - Sputnik Тоҷикистон
Қадрдонии духтари президент бо ордени “Шараф”

Бисту нӯҳуми май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар палатаи болоии кишвар интихоботи пеш аз мӯҳлат ба ҷои вакил ва собиқ роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ Бахтиёр Худоёрзода, ки 21 январ раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон таъин шуд, доир мегардад.

Ба ҷои ӯ духтари президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон- Озода Раҳмони 38-сола, ки қабл аз ин вазифаи муовини аввали вазири умури хориҷии кишварро бар дӯш дошт, таъин шуда буд.

Аъзоёни палатаи боло на тариқи овоздиҳии мустақим интихоб мешаванд. Аз 33 нафар аъзо 25 нафарашон тариқи овоздиҳии пинҳонӣ бо иштироки вакилони се вилоят, ноҳияҳои тобеъи марказ ва ноҳияҳои Душанб интихоб мегарданд. 8 аъзои дигар аз ҷониби президенти кишвар таъин мешавад.

Лентаи хабарҳо
0