Эътои ҷоизаҳои Cафорати ҶТ дар Русия. Ба ғолибони озмун

© Посольство РТ в РФСафири ҶТ дар Русия дар маросими мукофотсупорӣ ба кӯдакони рассом
Сафири ҶТ дар Русия дар маросими мукофотсупорӣ ба кӯдакони рассом - Sputnik Тоҷикистон
Рассомони кӯчак дар озмун таассуроти худро аз намоишгоҳи “Шеърҳои Шарқ. Сурат ва наққошӣ. Қазоқистон- Тоҷикистон дар асри XX” ба тасвир оварданд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Дар хона- галереяи  "АртСквер"-и Маскав маросими мукофотсупорӣ ба ғолибони озмуни рассамони хурдсол доир гардид, иттилоъ медиҳад Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Иштирокчиёни озмун таасуроти худро баъди тамошои намоиши "Шеърҳои Шарқ. Сурат ва наққошӣ. Қазоқистон-Тоҷикистон дар асри XX" дар "Хонаи миллатҳо"-и вилояти Иваново пешниҳод намуданд.

Осори рассомони тоҷик дар Маскав намоиш дода мешавад

Дар озмун, ки аз ҷониби колллексионер Юлия Вербитская таъсис дода шуд, рассомони хурдсол аз хонаҳои кӯдакони вилояти Иваново ширкат варзиданд.

Дар маросими тӯҳфасупорӣ сафири Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин Сатторов ширкат дошт.

"Ба мо хеле хуш омад, ки Шарқ аз нигоҳи кӯдакон чун ҷаҳони зебову рангоранг нишон дода шудааст. Ҳар як расм, ҳар як кори кӯдакон дар озмун хеле шавқовар ва аз ҳама муҳимаш аз таҳти дил тасвир шудааст. Бохабар будан аз таъриху фарҳанги бойи Шарқ аз ҷониби рассомони кӯчак ҳис мешавад",- изҳор дошт дипломати тоҷик.

Ба қавли ӯ, хурсандиовараш он аст, ки кӯдакони рус аз тамошои табиати зебо ва меъмории минтақаи кӯҳӣ илҳом гирифтанд.

Ҷои аввалро дар озмун Ирина Яндукина бо расми "Шеър, оҳанг, ишқ" ба даст овард. Мақоми дуюм насиби Софя Никинана барои расми "Озодӣ" гардид. Ҷои сеюмро Яна Сербжинская бо амали "Хоҷа Насриддин дар роҳ ба сӯи Бухоро" гирифт. Дар бахши "Таваҷҷуҳи тамошобинон" Юлия Тютяева бо расми "Батик" ғолиб омад.

Ғолибони озмун бо диплому мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ба тарбиятгирандаи хонаи кӯдакони вилояти Иванова Анна Залилова барои расми "Роҳи абрешим" дипломи махсуси Медиа-холдинги "Tajinfo" супорида шуд.

Барои саҳми бузург дар рушди фарҳанги Тоҷиикстон мубтакири озмун- Юлия Вербитская бо ифтихорномаи вижа қадрдонӣ шуд. Ҳамчунин, ба директори "Хонаи миллатҳо"-и вилояти Иванова Николай Карика барои саҳми бузург дар ҳамкориҳои байналмиллалӣ ва дастгирии диаспораи тоҷик дар вилояти Иванова бо ифтихорнома сарфароз гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала