Бордюжа ба Тоҷикистон омад. Барои ширкат дар “Ҷустуҷӯ-2016”

© Sputnik Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа
Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа - Sputnik Тоҷикистон
Ин тамрин дар ду давра, аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия идома мекунанд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) Николай Бордюжа вориди Душанбе гардида, дар оғози тамринҳои муштараки нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви ин созмон дар Тоҷикистон иштирок кард, иттилоъ медиҳад РИА Новости.

Тамриноти муштараки Неруҳои вокуниши сареъи СПАД Ҳамкорӣ-2015 - Sputnik Тоҷикистон
Кишварҳои СПАД низоми дифоъи ҳарими ҳавоиро нав мекунанд

Ин тамринҳо бо номи "Ҷустуҷӯ 2016" аз 18 то 22 апрел дар маркази омӯзишии "Мағоб"-и нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва дар тамрингоҳи "Лоҳур"-и пойгоҳи низомии 201-уми Русия идома мекунанд. ​Оқои Бордюжа тамринҳоро дар шароити тағйирпазири ҷаҳон муҳим донист.

Дар ин тамринҳо ҳудуди 1500 афсару сарбози ниҳодҳои раҳбарикунанда ва ҷузъу томҳои иктишофии артишӣ, махсус, радиоэлектронӣ, ҳавоӣ ва намудҳои дигари воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия ширкат мекунанд.

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар соли 1999 таъсис ёфта, дар ҳоли ҳозир кишварҳои Русия, Арманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Белорус ба ин ташкилот шомиланд. Ҷумҳурии Ӯзбакистон соли 1999 аъзогиашро дар созмон ба таври якҷониба қатъ кард.  

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала