Дарёфти усули беҳтари кимиёдармонӣ барои муолиҷаи саратон

© Sputnik  / Гузариш ба медиабонкТадқиқот дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ
Тадқиқот дар озмоишгоҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Олимон ба маводҳои барои паст намудани сатҳи холестирин умед доранд. Тадқиқот маълум кард, ки мавод устувории саратонро ба кимиёдармонӣ пурзӯр мекунад.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik.  Маводҳои доруворӣ, ки ба паст намудани сатҳи холестерин равона шудаанд, метавонанд  афзоиши саратонро дар организми зинда кам намоянд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба тадқиқоти Донишгоҳи Миссури.

Ин тадқиқот метавонад барои рушди минбаъдаи роҳҳои самараноки мубориза бар зидди маризиҳои анкологӣ имконияти хуб бошад.

Навхонадорон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: издивоҷ имконияти пирӯз шуданро ба саратон зиёд мекунад

"Холестерин-ин малекулаи дохилии ҳуҷайраи зинда буда, ҳамчун ҷузъи сохтории ҳуҷайра хизмат мерасонад. Ҳангоми калоншавии ҳуҷайраҳои варам  холестерин бештар истеҳсол мешавад.  Бештар бемориҳои гирифтори саратонро бо кимиёдармонӣ табобат мекунанд. Валке мо дар тадқиқотамон диққати асосиро ба паст кардани истеҳсоли холестерин дар ҳуҷайраҳои саратон банд намудем ",-мегӯяд профессори Донишгоҳи Миссури Салман Ҳайдар.

Пажӯҳишгар қайд менамояд, ки усулҳои замонавии табобати саратон ба таъсири кимиёдармонӣ ба организм такя мекунад.

Ҳадафи асосӣ-таъсир ба андрогенҳои ("мардона") ресепторҳои ҳуҷайраҳои саратон, ки одатан бо ҳормонҳом тестерон алоқаманданд, мебошад. Ба қавли дигар кимиёдармонӣ нобудкунандаи кимиёвии ҳуҷайраҳои саратон мебошад, яъне намегузорад  то ҳуҷайраҳо афзоиш ёбанд.

"Ҳарчанд, ки ҳуҷайраҳо дар аввал ба ин усули табобат таъсири худро нишон медиҳанд, вале аксари онҳо дар охир устувор мешаванд, ки натанҳо боиси афзоиши ҳуҷайраҳо, балки боиси  паҳншавии онҳо дар организм мегардад. Холестерин низ ба рушди устувории ҳуҷайраҳо, ки худ ба ҳормони саратон табдил меёбад, таъсир мерасонад. Бинобар ин механизмҳои ташаккули холестерин дар муолиҷаи умумии саратон таъсири мусбат дорад",-гуфт Ҳайдар.

Ин ақида ҳангоми гузаронидани озмоиш бо мушҳо, ки аз бемории саратони ғадуди простата азият мекашанд, тасдиқ гардид. Баъди ба мушҳо додани маводи махсуси табобатӣ, ки ба паст намудани холестерин равона шудааст, суръати афзоиши ҳуҷайраҳои саратон паст шуд.

Ин озмоиш ба олимон имкон дод, то дар бораи истифодаи методи мазкур натанҳо барои муолиҷаи саратони ғадуди простата, балки бар зидди ҳама гуна бемориҳои анкологӣ хулосаи муҳим бароранд.

 

Лентаи хабарҳо
0