Гузориши донишҷӯ аз Бишкек дар Русия беҳтарин дониста шуд

© Хожиакбар АхмедовДоиншҷӯён аз Қирғизистон дар конфронси "Абуалӣ ибни Сино-2016" дар Новосибирск
Доиншҷӯён аз Қирғизистон дар конфронси Абуалӣ ибни Сино-2016 дар Новосибирск - Sputnik Тоҷикистон
Дар конфронси илмӣ дар Новосибирск зиёда аз 700 гузориши илмӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин, донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ дар олимпиада аз рӯи се забон, ки низ дар ҳамин шаҳр доир шуд бо муваффақият иштирок карданд.

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар конфронси "Абуалӣ ибни Сино-2016" кори донишҷӯи қирғиз Байгелди Нурдинов беҳтарин дониста шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Донишгоҳи тиббии Қирғизистон ба Sputnik Қирғизистон.

Ҳафтумин конфронси илмӣ-амалии "Абуалӣ ибни Сино-2016"  14 апрел дар Новосибирск доир гардид. Дар конфронс донишҷӯёни кишварҳои гуногун ширкат варзиданд.

Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ба номи Абӯ Алӣ ибн Сино. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Донишгоҳи тиббиро 61 донишҷӯ бо баҳои “аъло” хатм карданд

Дар форум зиёда аз 700 гузориши илмӣ муаррифӣ гардид. Донишҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи давлатии тиббии Қирғизистон Нурдинов дар мавзӯъи "Растаниҳо зидди радиатсия" гузориш пешниҳод намуд.

Нурдинов аснои суҳбат бо хабарнигори Sputnik Қирғизистон гуфт, барои пешниҳод намудани мавзӯъи мазкур ҳанӯз аз соли 2012 омодагӣ мебинад.

"Ба ман имконият дода шуд, то дар бораи мавзӯъе, ки бароям шавқовар аст, бигӯям ва нақл кунам. Дар гузориш ман ба пуррагӣ дар бораи имконияти истифодаи растаниҳо барои муҳофизати замин аз таъсири радиатсия нақл кардаам", —шарҳ дод Нурдинов.

Ҳамчунин, донишҷӯёни ДДТҚ дар олимпиада аз фанҳои забони лотинӣ, таърихи анатомия ва анатомия дар Новосибирск ширкат варзида, ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала