Тафреҳи аврупоиёнро террористон халалдор карданианд

© Sputnik / Владимир Вяткин / Гузариш ба медиабонкФароғатгоҳ дар соҳили баҳри Тиррен дар шаҳри Маратея (Италия). Акс аз бойгонӣ
Фароғатгоҳ дар соҳили баҳри Тиррен дар шаҳри Маратея (Италия). Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Таблоиди олмонӣ Bild иттилоъ медиҳад, ки гурӯҳи террористии “Давлати Исломӣ” силсилаи ҳамлаҳоро дар истироҳатгоҳҳои Аврупо ба нақша гирифтааст.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Хадамоти вижаи Олмон маълумотро аз Африқо тавассути ҳамкорони итолиёвӣ ба даст овардаанд.

Бино ба иттилоъи хадамоти амнияти дохилии Италия, террористон худро ҳамчун фурӯшандаҳои армуғонҳо ва нӯшокиҳо нишон хоҳанд дод. Дар ҳақиқат бошад, онҳо ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" (мамнӯъ дар Тоҷикистон) буда, мақсади тарконидани соҳилҳои истироҳатиро доранд, менависад Bild.

Ҷангиёни ДИ дар Сурия. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Инфиҷори ҷангиёни "Давлати исломӣ". Дар бомбаи худашон

Ҷойҳои таркиш соҳилҳои Италия, Испания ва Фаронса гуфта мешаванд.

"Ҷангиён зодаи Сенегала буда, худро ҳамчун иштирокчиёни гӯрӯҳи террористии "Боко-Ҳарам" аз Нигерия муаррифӣ мекунанд. Як сол қабл ин гурӯҳи радикалӣ ба "Давлати Исломӣ" шомил шуданд",-менависад РИА Новости бо такя ба нашрияи олмонӣ.

"Давлати исломӣ", ё ба истилоҳ "ДИИШ" дар ҳоли ҳозир аз бузургтарин хатар ба  амнияти ҷаҳонӣ ба шумор меравад.Тайи се сол ҷангиёни ин гурӯҳ қисме аз сарзаминҳои Ироқу Сурияро ғасб карда, таҳти назорат гирифтанд. Дар баробари ин, онҳо кӯшиш доранд, то таъсири худро дар мамлакатҳои Африқои Шимолӣ ва махсусан дар Либиё мустаҳкам намоянд.

Лентаи хабарҳо
0