Воридоти тухми мурғ ба Тоҷикистон манъ шуд

© Sputnik / Юлия Честнова / Гузариш ба медиабонкТухм. Акс аз бойгонӣ
Тухм. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бо мақсади ба қаламрави Тоҷикистон ворид нагардидани маҳсулоти пастсифат ва таъмини ҳаёти солими шаҳрвандони ҷумҳурӣ оҷонсии “Тоҷикстандарт” дар нақша дорад воридоти равғани хурморо манъ кунад.

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Воридоти тухм ва пусти мурғ ҳамчунин равғани ҳайвонот ба Тоҷикистон ба пуррагӣ мамнӯъ эълон шуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии оҷонсии "Тоҷикстандарт".

Дар баробари ин оҷонсӣ дар нақша дорад, воридоти равғани хурморо низ аз хориҷи кишвар ба ҷумҳурӣ манъ намояд.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон воридшавии молу колоро аз Чин ба Тоҷикистон манъ кард

Қарори мазкур бо мақсади ба қаламрави Тоҷикистон ворид нагардидани маҳсулоти пастсифат ва таъмини ҳаёти солими шаҳрвандони ҷумҳурӣ қабул гардидааст.

Имрӯзҳо теъдоди хоҷагиҳои тухмпарвар дар кишвар афзоиш ёфтааст ва метавонад ба пуррагӣ бозори маҳсулоти дохилиро таъмин намояд.

Мувофиқи маълумоти оҷонсӣ дар давоми се моҳи аввали соли 2016 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 тонна гушт ва зиёда аз 150 тонна равғани растанӣ ба таври қочоқ ворид карда шудааст.

Ғайр аз ин солҳои охир дар Тоҷикистон сифати истеҳсоли равғани пахта баланд шудааст, ки имкон медиҳад аз ворид намудани равғани хурмо (таркибаш аз ҷониби "Тоҷикстандарт" омӯхта мешавад) ба мамлакат даст кашид.

Лентаи хабарҳо
0