Ширкати покистонӣ мехоҳад ба бозори дорусозии ҶТ ворид гардад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Зимни вохӯрӣ бо масъулини ҳукумати кишвар намояндаи ширкати дорусозии Pharmix Laboratories изҳор дошт, ки дар ҷустуҷӯӣ шарикон барои мусоидат дар пешбурди маводҳои дорувориашон дар Тоҷиикстон мебошад.

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Намояндагони вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо масъулони корхонаи дорусозии ҷумҳурии Покистон  "Pharmix Laboratories (PVT) LTD" вохӯрӣ доир карданд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Палатаи саноат ва савдои ҶТ.

Исломобод: Тоҷикистон шарики асосии Покистон дар минтақа мебошад

Директори ширкат Шаҳзод Аҳмад изҳор дошт, ки хостори барқарор намудани ҳамкориҳо бо бозори Тоҷикистон аст.

Ӯ ҳамчунин умед кард, ки аз ширкати  дорусозии  ООО "Тиб барои шумо", ки яке аз фабрикаҳои замонавӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад боздид хоҳад кард.

Қаблан, роҳбарони ширкати покистонии коркарди пахта ва пӯст "Tabani Group of Companies" изҳори ҳамкорӣ бо Тоҷикистонро карда буданд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки ширкатии хусусии "Сомон Эйр" Душанберо бо Лоҳур тариқи парвози мустақим мепайвандад. Парвози мустақими ин хатсайр 7 майи соли 2016 ифтитоҳ хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0