Дастури нахуствазири Тоҷикистон ба масъулини ҳукумат

© Sputnik / Дмитрий АстаховҚоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ
Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар бахшҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2015 бештар мебошад.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Душанбе дар ҳузури сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода оид ба натиҷаи рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли 2016 машварати корӣ сурат пазируфт, иттилоъ медиҳанд расонаҳои расмӣ.

"Дар машварат доир ба вазъи соҳаҳои афзалиятноки ҷомеаъ, аз ҷумла иқтисоду молия, андоз, кишоварзӣ, нақлиёт ва комуникатсия, инчунин соҳаҳои иҷтимоӣ роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳисобот доданд",- омадааст дар хабари сарчашма.

Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати олмонӣ ба таҷдиди кони "Шӯроб" кӯмак мекунад

Дар нишаст қайд гардид, ки новобаста аз таъсири омилҳои беруна дар семоҳаи аввали соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат ба 9,3 млрд. сомонӣ баробар шуд, ки афзоиши воқеии он нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта баробар ба 6,5 фоиз мебошад. Дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 млрд. сомонӣ ва 1,1 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи семоҳаи аввали соли 2015 нисбатан афзун мебошанд.

Нақшаи иҷрои буҷети давлатӣ дар се моҳ 94,4 фоизро ташкил медиҳад.

Ҷаноби Расулзода вобаста ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои пурраи буҷети давлатӣ, нақшаҳои пардохти гумрукӣ ва андоз, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ, тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда, дастгирии соҳибкории хурду миёна, хусусан дар деҳоти дурдасти мамлакат ва омодагии ҳаматарафа ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва шахсони масъули соҳаҳоро вазифадор намуд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала