Интиқоли маболиғи шаҳрвандони ИДМ аз Русия коҳиш ёфтааст: $587 млн

Тайи чаҳор моҳи аввали соли равон интиқоли маблағҳои муҳоҷирин аз Русия ба кишварҳои хориҷӣ дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 587 миллион доллар кам шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҳаҷми маблағҳои интиқолӣ аз Русия ба кишварҳои ИДМ коҳиш ёфтааст, иттилоъ медиҳад Бонки марказии Русия.

Мувофиқи маълумоти БМ ФР дар марҳилаи аввали соли 2016 аз Русия ба мамолики хориҷ 690 миллион доллар фиристода шудааст. Ба омори ин манбаъ, ин нишондоддар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 587 миллион доллар камтар мебошад.

Муҳоҷирон дар интизории гирифтани санадҳои иҷозаи кор. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БМР: интиқоли маблағ ба Тоҷикистон 66% коҳиш ёфт

Соли 2015 ҳаҷми интиқоли маблағ ба ҷумҳуриҳои ИДМ 6,6 миллиард долларро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2014 ду маротиба камтар буд.

Қаблан хабар дода шуд, ки интиқоли маблағ аз Русия ба Тоҷикистон дар соли 2015 нисбати соли 2014 се маротиба кам шудааст.

Тибқи арқоми Бонки марказии Русия дар ду семоҳа (квартал)-и соли гузашта ба ҶТ 696 миллион доллар интиқол дода шудааст, ки нисбати нишондоди ҳамин давраи соли 2014- 58,6%  камтар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала