Қатори "Маскав-Душанбе" сокини пойтахтро пахш кардааст

Қатор ҳангоми ҳаракат марди 58-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки қад-қади роҳи оҳан роҳ мегаштааст, пахш намудааст.

ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Шоми рӯзи гузашта як сокини пойтахт зери чархи қатораи мусофиркашии хатсайри самти Маскав-Душанбе монд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

Ба навиштаи ин манбаъ, қатор таҳти идораи машинист, марди 46-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ ва ёрдамчии машинист марди 29-солаи сокини ноҳияи Ҳисор қарор доштааст.

Гуфта мешавад, қатора ҳангоми ҳаракат марди 58-солаи сокини шаҳри Душанберо, ки қад-қади роҳи оҳан роҳ мегаштааст, пахш намудааст.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала