Чин ба ба бахши энержии ҶҚ то $4 млрд. сармоягузорӣ мекунад

© Фото : Wikimedia / Гузариш ба медиабонкПекин. Акс аз бойгонӣ
Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ширкатҳои чинӣ омодаанд дар Қирғизистон чанд нерӯгоҳи барқӣ бунёд намоянд. Сармоягузорон маболиғи сарфшудаашонро мехоҳанд, бо содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Чин бозгардонанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар сурати ба даст овардани иҷозаи ҳукумати Қирғизистон сармоягузорони чинӣ омодаанд дар ин кишвар бо сарфу харҷи то чаҳор миллиард доллар нуругоҳҳои барқӣ-обӣ созанд, омадааст дар хабари нашршудаи парлумон.

Гуфтушунидҳо оиди ҳамкорӣ аз ҷониби вакили ҷиноҳи парлумонии ҲСДҚ (Ҳизби сотсиал-демократҳои Қирғизистон) Абтандил Кулбараков бо намояндагони ширкаҳосурат пазируфтанд.

Марзи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Қирғизистон воридшавии молу колоро аз Чин ба Тоҷикистон манъ кард

"Ҷонибҳо дар бораи сохтмони нақби НБО дар дарёи кӯҳии Кокомерен ба мувофиқа расида, намояндагони чинӣ хостори бунёди дигар нерӯгоҳҳо шуда, омодаанд, дар сурати ҳамкориҳои давомдор дар ин ҷабҳа то чор миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намоянд",-мегӯяд ин вакили парлумон.

Нақби НБО дар шохоби Нарини дарёи Кокомерен бо иқтидори 950 МВт аз минтақаи Қизи-Ойи вилояти Чуй шурӯъ шуда, то Сари-Камиши вилояти Исиқкӯл давом мекунад. Маблағи умумии лоиҳа 1,2 миллиард доллар гуфта мешавад. Тарҳи лоиҳа ба ҳукумати кишвар барои омӯзиш пешниҳод мегардад.

"Сармоягузорони чинӣ тайёранд НБО-ро дар давоми 2-3 сол бунёд намоянд.  Маблағи сарфшудаашонро мехоҳанд бо содироти нерӯи барқ ба Покистон ва Чин баробар намуда, баъд НБО-ро ба тавозуни ҷумҳурӣ баргардонанд. Ҳамин тавр пас аз 8 сол Қирғизистон соҳиби НБО-и пуриқтидор хоҳад шуд. Ба назари ман пешниҳоди муносиб аст",-қайд кард Кулбараков.

Қаблан, ширкати давлатии Чин "State Power Investment Corporation (SPIC)" зимни гуфтушунидҳо бо ҳукумати ҶҚ дар бораи лоиҳаи бунёди силсила неругоҳҳоғи Казарман бо иқтидори умумии 1160 МВт, ки аз чор нерӯгоҳи барқӣ иборат буда, дар дарёи Нарин сохта мешаванд, изҳор доштанд.

95%-и қаламрави Қирғизистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд. Ин кишвар дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ барои 7 НБО-и бузург бо иқтидори 3030 мегаватт ҳаст..

Дар ҳоли ҳозир дар Қирғизистон 95%-и қувваи барқ аз ҷониби НБО-и худӣ истеҳсол мегардад. Дар баробари ин дар дарёҳои хурди кишвар аз 5 то 8 кВт/с қувваи барқ дар як сол метавон истеҳсол кард. Дар айни замон танҳо 3%-и онҳо мавриди истифода қарор дорад. Дар ҷумҳурӣ 268 дарёи кӯҳӣ, 97 каналҳои бузург ва 18 обанбор, ки метавон ба сифати НБО-и хурд истифода шуд, ҷойгиранд.

 

Лентаи хабарҳо
0