ВКД: дар Душанбе бонуи 30-сола худро оташ зад

© SputnikБинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ
Бинои ВКД ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ростои ин қазия парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Дар маҳаллаи мавсум ба "Гулистон"-и шаҳри Душанбе як бонуи 30-сола даст ба худсӯзӣ задааст, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Утоқи таълимӣ дар мактаб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Оташсӯзӣ дар мактаби №1: касе зарар надидааст

"Тахминан соати 18:50-дақиқаи шоми дирӯз, шаҳрванд Маҳмадалиева Нигина Намозовна, соли таваллудаш 1986, зодаи ноҳияи Фархор, бо ҳамзисташ Сафарзода Мансур Хуҷавалӣ, соли таваллудаш 1978, сокини шаҳри Душанбе, аз сабаби рашк ҷангу ҷанҷол намуда, бо истифода аз сӯзишвории бензин дар кӯчаи Н.Қарабоеви ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, наздикии ҷойи кори номбурда, худро оташ задааст",- менависад манбаъ.

Бино ба иттилои расмӣ, сокини ноҳияи Фархор дар заминаи рашк ба ин кор даст задааст.

Ҳамзамон, кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аз ҳодисаи мазкур огоҳ шуда, фавран ба ҷойи ҳодиса омада, дар якҷоягӣ бо шаҳрвандон Нигина Маҳмадалиеваро аз марг наҷот доданд.

Айни замон, номбурда бо ҷароҳатҳои қисман сӯхтагии бадан дар Беморхонаи №3 бистарӣ гардида, вазъи саломатиаш мӯътадил ва ба ҳаёташ хатар таҳдид намекунад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала