Пирӯзии "Истиқлол" аз болои "Регар-ТадАз"

© Sputnik Амир ИсаевБозии "Истиқлол" - "Регар-ТадАЗ". Акс аз бойгонӣ
Бозии Истиқлол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Бозиҳои дигари даври севуми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 апрел баргузор мешаванд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ бо бозӣ миёни тимҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар майдони "Металлург"-и шаҳри Турсунзода оғоз гардида, бо пирӯзии дастаи меҳмон бо ҳисоби 3:2 анҷом ёфт, иттилоъ медиҳад Федератсияи футболи ҶТ.

Дилшод Восиев (аз чап) ва Фатҳулло Фатҳуллоев. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ду тӯби Фатҳулло Фатҳуллоев дар бозии нахустини “Истиқлол”

"Ҳисобро дар дақиқаи шашуми вохӯрӣ ҳамлагари соҳибони майдон- Комрон Турсунов кушод. Дар нимаи дуюми бозӣ, дар дақиқаи 49-ум Акмал Холматов, бозигари "Истиқлол", ҳисобро баробар намуда, пас аз панҷ дақиқа Манучеҳр Ҷалилов голи дувуми меҳмононро ба нишон расонд",- менависад манбаъ.

Зимнан, дар дақиқаи 61-ум ҳимоятгари "Регар- ТадАз" Алишер Шарифов ҳисобро баробар карда, голи сеюм ва ҳалкунандаро дар дақиқаи 66-ум Манучеҳр Ҷалилов ба ҳадаф расонд.

Ҳамин тавр, "Истиқлол", ки пайиҳам се пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 9 хол дар садри ҷадвали мусобиқот қарор дорад.

Ҳамакнун қаҳрамони феълии Тоҷикистон — "Истиқлол» — бозии даври панҷуми марҳалаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2016-ро рӯзи сешанбеи 26 апрел бо дастаи "Ал-Файсалӣ"-и Урдун дар шаҳри Аммон анҷом медиҳад.

Бозиҳои дигари даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон рӯзҳои 23-24 апрел баргузор мешаванд. Рӯзи шанбе дастаҳои "Хуҷанд"-и Хуҷанд — "Парвоз"-и Бобоҷон Ғафуров ва "Хайр"-и Ваҳдат — ССКА "Помир"-и Душанбе, рӯзи якшанбе "Ҳосилот"-и Фархор — "Вахш"-и Қӯрғонтеппа ва "Барқчӣ"-и Душанбе — "Равшан"-и Кӯлоб бо ҳам рақобат хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала