Дар пойтахти ҶТ қаҳрамонии ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо баргузор гардид

© Фото : Федерация таэквондо и кикбоксинга РТБаромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон
Баромади таэквандочиёни Тоҷикистон дар ЧҶ-2015 дар Булғористон - Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба таэквандо (ИТФ) доир шуд. Мусобиқа омомдагии хубест ба сабқатҳои бузурги соли 2016.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Дар пойтахт варзишгарони шаҳру ноҳияҳои гуногун ба ҳам рақобат намуда, беҳтаринҳо дар риштаи таэквандо маълум гардиданд. Мусобиқа байни варзишгарони синну солашон 14-15, 16-17, 18  ва бузургтарҳо гузаронида шуд. Дар қаҳрамонӣ зиёда аз 200 варзишгар аз шаҳри Душанбе, НТМ ва вилоятҳои Суғд, Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуданд.

Фарҳод Негматов бо варзишгари бритонӣ дар Олимпиадаи Лондон (2012) сабқат дорад. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Медали биринҷии варзишгари тоҷик дар Белгия

"Чемпионати ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир гардид,-гуфт мураббии даста Далер Тураев. Мехоҳам қайд намоям, ки имсол дар мусобиқа варзишгарони дигар шаҳрҳо ва ноҳияҳо низ ширкат доштанд. Онҳо дар сабқат хеле хуб баромад намуда, ҳатто ҷойҳои намоёнро низ ишғол намуданд".

Ӯ қайд намуд, ки анкун ба мусобиқаҳои бузурги байналмиллалӣ омодагӣ мебинанд. Қаҳрамонии Тоҷикистон яке аз давраҳои интихобӣ буда, номзадҳои  мунтахаби кишварро оид ба таэквандо маълум кард.

Дар ояндаи наздик мусобиқа оид ба кикбоксинг, ки аз 28 август то 3 сентябр дар Ирландия ва ҳамчунин сабқат дар риштаи таэквандо аз 5 то 12 сентябр дар Италия доир мегарданд моро интизоранд. Ҳадафи асосии мо акнун омодагӣ ба ин сабқатҳо аст. Интизор меравад, ки  мусобиқаи интихобии ҷумҳуриявӣ оид ба кикбоксинг рӯзҳои 23-24 моҳи майи соли ҷорӣ баргузор гардад.

Айни замон ҳайати мураббиён диққати худро ба варзишгарони наврас равона намудаанд, чун имсол барои калонсолон мусобиқаҳои ҷаҳонӣ баргузор нахоҳанд шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала