“Мушкетёрон”-и Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё баромад карданд

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Андрей Курганский ва Сергей Богданов дар мусобиқаи интихобии дарёфти роҳхат ба Бозиҳои Олимпӣ ва чемпионати минтақавӣ ширкат варзиданд.

ДУШАНБЕ, 3 май- Sputnik. Шамшербозони тоҷик дар  қаҳрамонии Осиё, ки дар Чин доир гардид иштирок намуданд.

Дар Чин ду сабқат: мусобиқа барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои Рио ва қаҳрамонии минтақавӣ баргузор гардид.

Расул Боқиев - Sputnik Тоҷикистон
Расул Боқиев: омодаам паҳлавонони тоҷикро дар Маскав машқ диҳам

"Дар мусобиқа 77 шамшербоз аз 24 мамолики дунё иштирок дошт. Барои дарёфти роҳхат варзишгаронро мебоист ҷои аввал бигиранд. Андрей дар марҳилаи интихобӣ панҷ маротиба баромад намуд: намояндагони Филиппин (5:3), Таиланд (5:1), АМА (5:4)-ро мағлуб намуда, аз шамшербозони Қазоқистон, Иордания ва Қувайт шикаст хурд",-иттилоъ дод котиби Федератсияи шамшербозии ҶТ Хисрав Насимов.

Баъд ӯ ҳамроҳи Сергей Богданов дар қаҳрамонии Осиё иштирок кард.

"Онҳо дар марҳилаи интихобӣ дар шаш бозӣ ширкат карда, ҳардуяшон се маротиба ғолиб омаданд. Варзишгарон дар бозии финалии 1/64 баромад карда Богданов аз рақиби ҷопониаш бо ҳисоби 14:15 шикаст хӯрд. Курганский бошад намояндаи Ветнамро бо ҳисоби 15:10 мағлуб намуда, ба бозии финалии 1/32 роҳ ёфт. Вале дар ин марҳилаи бозӣ ӯ аз варзишгари Гонконг бо ҳисоби 9:12 шикаст хурд",-шарҳ дод Насимов.

Хисрав Насимов гуфт, ки дар пеш рӯзи 9 май онҳоро мусобиқаи қаҳрамонии Кӯлоб интизор аст.

 

Лентаи хабарҳо
0