Сабти ном бомуваффақият анҷом ёфт!
Хоҳиш менамоем ба пайванде, ки тариқи равон шудааст, гузаред

Ширкати энергетикии Чин мехоҳад бо Тоҷикистон ҳамкориро ба роҳ монад

Ширкати чинӣ, ки ба фурӯши ноқилҳои барқӣ ва сохтмони зеристгоҳҳои трансформаторӣ машғул аст, мехоҳад ба бозори Тоҷикистон роҳ ёбад.

ДУШАНБЕ, 4 май- Sputnik. Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо роҳбарияти ширкати электрикии чинӣ Ningbo Sanxing Electric CO Ltd China вохӯрд, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ПСС ҷумҳурӣ.

"Менеҷери ширкат Ванг Чунг бо мақсади омӯхтани бозори дохилӣ ва дарёфти шарикон дар соҳаи савдо ва ҳамчунин табодули таҷриба ба Тоҷикистон омад",-гуфта мешавад дар иттилоия.

Раиси ПСС Тоҷикистон ба муҳим будани сафари Ванг таъкид кард.

Пекин. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Чин ба ба бахши энержии ҶҚ то $4 млрд. сармоягузорӣ мекунад

Роҳбарияти Палатаи савдо ва саноати кишвар изҳор доштанд, ки омодаанд  дар ташкили вохӯриҳо бо якқатор вазоратҳо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, ширкати холдингии "Барқи тоҷик" ва заводи шаҳри Қурғонтеппа ба ширкати чинӣ кӯмак расонанд.

"Шариф Саид ҳамчунин ба Ванг Чунг пешниҳод кард, то дар намоиши маҳсулоти ҷинӣ, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе доир мегардад, иштирок намояд",-иттилоъ медиҳад ПСС.

Ширкати чинии Ningbo Sanxing Electric CO Ltd China шурӯъ аз соли 1986 инҷониб ба истеҳсоли маҳсулоти эенергетикии сатҳи ҷаҳонӣ машғул аст.

Ширкат дар 30 кишвари манотиқи гуногуни ҷаҳон аз ҷумла, Осиё, Амрикои Ҷанубӣ, Африқо, Аврупо дар Австралия, Бразилия, Италия, Ҷопон, Русия, Бангладеш, Непал, Малайзия, Филиппин, Кения ва дигар мамлакаҳо фурӯши маҳсулоти худро ба роҳ мондааст.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала