Ҷангиёни ДИИШ ҷавобгарии ду инфиҷор дар Ироқро бар дӯш гирифтанд

© REUTERS/Ahmed SaadСарбози Ироқӣ. Акс аз бойгонӣ
Сарбози Ироқӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аъзоёни гурӯҳи ҷиноии “Давлати Исломӣ” (мамнӯъ дар Тоҷикистон) ҷавобгарии ду таркишро дар шаҳри Эс-Самава воқеъ дар ҷануби Ироқ бар ӯҳда гирифтанд, иттилоъ медиҳад оҷонсии Рейтер.

ДУШАНБЕ, 4 май — Sputnik. Ду автомошина, ки дар дохилашон бомба доштанд рӯзи якшанбе дар маркази шаҳр таркиданд. Инфиҷори якум дар назди бинои маъмурӣ ба амал омада, таркиши дуюм дар назди истгоҳи автобус ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумот 20 нафар қурбон гардида, даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд.

Шаҳри Ню-Йорк. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Хакерҳо “ДИИШ”-ро ба ҳуҷум ба шаҳрвандони Ню-Йорк даъват намуданд

Қисми зиёди аҳолии минтақаи ҷанубии шаҳр деҳаи Мутанна-пайрави шохаи шиъа мебошанд. Вақтҳои охир ин минтақа бехатар дониста мешуд.

Дар баробари ин оҷонсии Almada Press хабар медиҳад, ки нерӯҳои муҳофизи Ироқ тавонистанд,  ноҳияи Ал-Баширро ки дар шимоли кишвар ҷойгир аст, аз ҷангиёни гурӯҳи "Давлати Исломӣ" озод намоянд. Маҳз аз ҳамин минтақа ҷинояткорон ба дигар нуқтаҳои аҳолинишини атроф оташ мекушоданд.

Ҷангиёни ДИИШ моҳи марти соли равон аз ракетаи гази заҳролуддошта, чанд маротиба ба сӯи ноҳияи Киркуки шаҳри Таза оташ кушоданд. Бар асари ҳамлаи кимиёвӣ садҳо нафар маҷрӯҳ гардида, се кудаки дигар ҳалок шуданд.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала