Суғд: оғози ҳафтаи “Поси хотир” дар шаҳри Хуҷанд

© Sputnik Амир ИсаевСобиқадорони ҷанг дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ
Собиқадорони ҷанг дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 12 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 зиндагӣ дошта, синни аз ҳама хурди онҳо 90 ва бузургсолтаринашон 96-сола мебошанд.

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik. Имсол ба пирӯзии халқи ИҶШС (СССР) аз болои фашизм, ки ҳар сол рӯзи 9 май ҳамчун рӯзи Ғалаба таҷлил мегардад, 71 сол сипарӣ мегардад.

“Полки ҷовидон”: хотираҳои фаротар аз марзҳо

Тавре аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд, маркази маъмурии вилояти Суғд иттилоъ медиҳанд, чун дар дигар манотиқи Тоҷикистон бахшида ба ин сана ва гиромидошти хотираи ҷанговарони ҳалокшуда дар корзорҳо тайи ҳафтаи аввали моҳи май чорабиниҳои мухталиф барои ёдбуди қаҳрамонони ҷабҳа баргузор мешавад.

"Соли равон тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд аз ҷониби шуъбаҳои мухталифи мақомоти шаҳрӣ чорабиниҳо оид ба ташкили вохӯриҳо бо иштирокчиёни ҷанг ва ҳамзамон аёдати онҳову маъюбони барҷомонда, ҳамсарони бесаробонмонда, ҳамчунин дар ҳудуди шаҳр гузаронидани ҳафтаи "Поси хотир" ва ташкили "Қаровули фахрӣ" дар пояи ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, воқеъ дар маҳаллаи Панҷшанбеи маркази шаҳр аз ҳисоби хонандагони беҳтарини мактабҳои шаҳр пешбинӣ шудааст",- меафзояд манбаъ.

Ҳамчунин тайи ҳафтаи равон масъулини мақомоти давлатӣ ба манзили маъюбону барҷомондагон ва собиқадорони ҶБВ рафта, ба онҳо кумакпулӣ ва маводи ғизоӣ мерасонанд.

Манбаъ меафзояд, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд 12 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги ба сар мебаранд, ки мутаносибан аз 90 то 96 сол доранд.  

 

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала