Қаҳрамонии Осиё миёни донишҷуён дар Душанбе

© Flickr / M&R GlasgowДастпӯши боксӣ. Акс аз бойгонӣ
Дастпӯши боксӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Аввалин мусобиқаи қаҳрамонии бокси Осиё миёни донишҷӯён, ки дар шаҳри Душанбе, дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, 3 май оғоз ёфт, то рӯзи 7 май идома хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар мусобиқа беш аз 100 донишҷӯ аз Қазоқистон, Қирғизистон, Афғонистон, Муғулистон, Тайланд, Тоҷикистон, Турманистон, Чин, Ҷопон ва Эрон ширкат мекунанд, иттилоъ медиҳад сухангӯи хадамоти матбуотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ Зубайдулло Маҳмадуллоев.

Раисҷумҳури Эмомалӣ Раҳмон (аз рост) ва Бег Сабур (аз чап) аснои ифтитоҳи Маҷмааи варзишӣ дар Кӯлоб - Sputnik Тоҷикистон
Бег Сабур раиси Федератсияи бокси Тоҷикистон интихоб шуд

Мусобиқаро Федератсияи байналмилалии варзиши донишҷӯён (FISU) ва Федератсияи варзиши донишҷӯёни Осиё (AUSF) бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии кишвар ва Ассотсиатсияи ҷавонони варзишгари донишҷӯи ҷумҳурӣ доир кардаанд.

Дар мусобиқа, ки донишҷӯёни зиёда аз даҳ ҷумҳуриро ба ҳам меорад, варзишгарон аз рӯи даҳ вазн (то 49, 52, 56, 60, 64, 69, 75, 81, 91 ва +91 кг)-мардон ва аз рӯи се вазн (то 51, 60 ва 75 кг)-занон бо ҳам рақобат мекунанд.

Сабқатҳои даври пешакӣ шоми рӯзи панҷшанбе ба анҷом расиданд. Имрӯз бошад  қувваозмоиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд. Ғолибони мусобиқа дар даври ниҳоӣ, ки рӯзи шанбеи 7 май баргузор мегардад, маълум хоҳанд шуд. 

Лентаи хабарҳо
0