Эътои эътимодномаи Сатторов ба президенти Арманистон

© Sputnik / Александр НатрускинИмомуддин Сатторов сафири ҶТ дар ФР. Акс аз бойгонӣ
Имомуддин Сатторов сафири ҶТ дар ФР. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Сафири феълии Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ҳамчунин иҷрои вазифаи сафири Тоҷикистон дар Арманистонро низ ба зимма мегирад.

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Дар шаҳри Еревани Арманистон маросими супоридани эътимодномаи дипломатии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия ва Арманистон бо иқомат дар Маскав Имомуддин Сатторов ба президенти Арманистон Серж Саргсян баргузор гардид.

Сафири ҶТ дар Русия ба муҷассамаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон гулчанбар гузошт - Sputnik Тоҷикистон
Сафири ҶТ дар ФР ба муҷассамаи қаҳрамонҳои Тоҷикистон гулчанбар гузошт

Тибқи иттилоъи Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, дар ин мулоқот роҳбари Арманистон ба сафири Тоҷикистон дар иҷрои вазифаҳои масъулиятноки дипломатӣ муваффақият орзу намуда, қайд кард, ки барои рушд ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба имкониятҳои васеъ мавҷуданд, ки онҳо ба пуррагӣ истифода намешаванд ва изҳори умед намуд, ки таъиноти сафир ба ин раванд нафаси тоза хоҳад бахшид.

Ҳамзамон, ҷонибҳо дурнамои рушди муносибаҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ ва гуманитарӣ, ҳамзамон ҳамкории фаъол дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан, оқои Сатторов гуфтааст, барои рушд ва тавсеаи босамари муносибатҳои дуҷониба миёни кишварҳо ва халқҳои дӯст тамоми кушишҳоро ба харҷ хоҳад дод.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала