Қурби доллар нархи ҳаҷро боло бурд

© AP / Mosa'ab ElshamyҲазорон ҳоҷӣ дар роҳ ба сӯи маросими сангзании шайтон. Акс аз бойгонӣ
Ҳазорон ҳоҷӣ дар роҳ ба сӯи маросими сангзании шайтон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Арзиши имсолаи хизматрасониҳои ҳаҷ дар Макка ва Мадина дар қиёс бо соли гузашта 5,7 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 28,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

ДУШАНБЕ, 6 мая — Sputnik. Дар Тоҷикистон нархи Ҳаҷ-2016 афзуд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон.

Арзиши ҳаҷ имсол 28,6 сомониро ташкил медиҳад.

Кампир ба Ҳаҷ нарафт ва 105 ҳазор сомониро барои бунёди пул сарф кард

Дар мувофиқа бо ширкати Арабистони Саудӣ пардохти хизматрасониҳои ҳаҷ имсол тариқи қурби асъори хориҷӣ (доллар) сурат мегирад. Афзудани қурби асъори хориҷӣ боиси баланл шудани нархи ҳаҷ гардид, гуфтанд дар Кумита.

Арзиши ҳаҷ бо асъори хориҷӣ ҳамоно 3,5 ҳазор доллар мемонад.

Маблағи мазкур маблағи пардохти чиптаи ҳавопаймо аз ду тараф, меҳмонхонаҳо дар Макка ва Мадина, хӯрок, боҷи шоҳӣ, пардохти маблағи қурбонӣ, суруғтаи тиббӣ ва дигар хизматрасониҳо мебошад.

Аввали тирамоҳи соли 2015 нархи сафар ба ҳаҷ 3,5 ҳазор доллар ё 22,9 ҳазор сомониро ташкил дод.

Имсол арзиши нархи сафар ба ҳаҷ 28,6 ҳазор сомонӣ мебошад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала