Имрӯз намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ ба анҷом мерасад

© Sputnik / Амир ИсаевМеваҳои хушки Тоҷикистон . Акс аз бойгонӣ
Меваҳои хушки Тоҷикистон . Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин намоиш-фурӯш қабл аз ҳама корхонаҳои маҳсулоти ширии “Файзи Расул”, “Афзали Суғд”, “Комбинати шири Душанбе ва дигар ширкатҳои ватанӣ иштирок доранд.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Намоиш-фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар "Кохи Борбад", ки рӯзи 5 май расман оғоз гардид, то 7 май идома меёбад.

Духтарон рақси миллиро иҷро мекунанд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Кувайт Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон оғоз гардиданд

Намоиш-фурӯшро Агентии рекламавии "Тайрон"  дар якҷоягӣ бо Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар доираи даври ҷамъбастии лоиҳа-озмуни "Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2016" ташкил намуда, дар он ҳудуди 30 корхонаи истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд.

Мубтакирони чорабинӣ мегӯянд, дар ин намоишгоҳ-фурӯш харидорон имкон доранд, ки маҳсулотро аз дасти аввал бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намоянд.  Аз ҷумла, имрӯз ширу ҷурғот, чолобу қаймоқ, паниру кефир, яхмосу творог, ҳасибҳои буғиву дуддодашуда, тухму гӯшти мурғ,  орду макарон,  кулчаҳои қандин,  шакару қанд, маҳсулоти консервашуда, равғанҳои гуногуни растанӣ, чойи хушку нӯшокиҳои ташнагишикан, қолину гилемчаҳо, маҳсулоти сохтмонӣ, қандилу дигар намуди маҳсулот бо нархи  нисбатан арзон ба мизоҷон пешниҳод ва фурӯхта мешаванд.

Қабл аз ҳама корхонаҳои ватании "Файзи Расул", "Афзали Суғд", "Комбинати шири Душанбе", "Интермаркет", ширкати сохтмонии "Авитсенна", корхонаи истеҳсоли тухму гӯшти "Мурғи Ҳилол", маҳсулоти гӯштии "Покиза", "Қолинҳои Қайроққум", "Аҳмад-чой", "Яхмоси 33" «Саидтекстил» ва маҳсулоташонро пешниҳоди муштариён мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0