Дар Афғонистон мубориза бо фасод тақвият меёбад

© AP Photo/Dan Kitwood/PooПрезиденти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ
Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тӯли чанд соли охир созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сармоягузор давлати Афғонистонро ба камфаъолиятӣ дар мубориза бо фасод муттаҳам мекунанд.

ДУШАНБЕ, 7 май — Sputnik. Раисиҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба нерӯҳои интизомии кишвараш ихтиёроти бештар додааст, то тавонанд волиҳо, вазороту вазирон ва мақомҳои олии давлатро мавриди бозҷӯӣ қарор диҳанд.

Ба ин васила президенти Афғонистон эълон кард, ки ҳукумати ваҳдати миллии ин кишвар барои муборизаи муассир бо фасод дар кишвар даст ба иқдоми тоза задааст.

Қоҳир Расулзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нахуствазир: фасод ва мубориза бо он мушкилтарин масъалаи дунёст

Оқои Ғанӣ аснои суханронӣ дар конфронси Иттиҳодияи Аврупо таҳти унвони "Масири фарорӯи мубориза бо фасод дар Афғонистон" дар бораи иқдомоти ҳукуматаш дар мубориза бо фасоди идорӣ гуфт, ки то имрӯз дар Афғонистон ин гуна низом буд, ки ҳар касе дар ҳар мақоми идорӣ кор мекунад, ихтиёр дорад ҳар коре хоҳад худ анҷом диҳад.

"Аммо акнун бар асоси дастури мустақими ӯ нерӯи вижаи мубориза бо ҷиноятҳои фасод салоҳияти таҳқиқро дорад ва давлат низ онҳоро, ки муртакиби фасод шудаанд, таҳти таъқиби қонунӣ қарор хоҳад дод",- илова кард Ашраф Ғанӣ.

Райиси ҷумҳури Афғонистон таъкид кард, ки бояд ба рафтори зӯргӯёна бо мардум поён дода шавад ва иҷозат дода нашавад, ки заминҳо ғасб ва афрод аз вазифаҳо сӯистифода кунанд.

Вай ҳамчунин гуфт, ки барои мубориза бо фасод давлаташ нахуст дастгоҳи давлатиро бозсозӣ мекунад, то корҳои муҳими давлатӣ ба монанди мудирияти молӣ бо низоми муносиб дар фаъолият бошад.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала