Дастаи “Триполи” ба Душанбе барои бозӣ бо “Истиқлол” меояд

© Sputnik Амир Исаев"Истиклол" - "Регар-ТадАЗ". Акс аз бойгонӣ
Истиклол - Регар-ТадАЗ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Баъди мағлубият аз тимҳои “Нафит ал-Васат” ва “Ал-Файсал” дастаи “Истиқлол” шонси берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод.

ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дастаи "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе бо тими "Триполи"-и Лубнон сабқат мекунад.

Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, вохӯрии ин ду тим рӯзи 10-уми май дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар доираи Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)  соати 19:00 баргузор мегардад.

Футболи хурд. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи мусобиқаи футболи хурд миёни кормандони пулиси Тоҷикистон

Қаблан моҳи марти соли равон дастаи "Истиқлол" аз тими "Триполи"-и Лубнон бо ҳисоби 2:1 шикаст хӯрда буд.

Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дар мусобиқоти "Ҷоми КФО-2016" дар гуруҳи "В" бо дастаҳои "Нафит ал-Васат"-и Ироқ, "Ал-Файсал"-и Урдун ва "Триполи"-и Лубнон бозӣ кард.  Ҳоло "Нафт ал-Васат" бо 9 имтиёз ва "Ал-Файсал" 8 имтиёз садрниши ҷадвали гуруҳашон буда, "Триполи" 4 имтиёз дорад. "Истиқлол" бо як имтиёз дар зинаи охир қарор гирифтааст.

Бо шикаст хӯрдан аз тимҳои "Нафит ал-Васат" ва "Ал-Файсал" дастаи "Истиқлол" шонси берун шудан аз бозиҳои гуруҳии Ҷоми КФО-2016-ро аз даст дод.  

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала