Ҷоизаҳои мунтахаби ҶТ дар қаҳрамонии Осиёи Марказӣ. Дар риштаи каратэ

© Sputnik / Владимир Родионов / Гузариш ба медиабонкКаратэ. Акс аз бойгонӣ
Каратэ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нӯҳ нафар варзишгарони тоҷики синну солашон аз 18 боло соҳиби чор медал: як нуқра ва се биринҷӣ гардиданд.

ДУШАНБЕ, 10 май- Sputnik. Дар Алмато 4-умин қаҳрамонии кушоди  Осиёи Марказӣ байни наврасону калонсолон доир гардид.

Дар мусобиқа зиёда аз 400 нафар варзишгарон аз Тоҷикистон, Қирғизистон, Узбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Эрон ва Афғонистон ширкат варзиданд.

Варзишгарон дар бахши синну соли аз 12 то 18 сола бо ҳам рақобат карданд. Намояндагони Тоҷикистон низ ҳамчунин дар мусобиқа ҳунарнамоӣ карда, чор медал ба даст оварданд-як медали нуқра ва сето биринҷӣ. Ҳайати мунтахаби ҷумҳурии мо аз нӯҳ варзишгар иборат буд.

Мубориза. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Нокомии паҳлавонони тоҷик дар сабқати байналмилалии Боку

Ба ҳайтаи мунтахаби Тоҷикистон беҳтарин варзишгарони тоҷик, ки борҳо дар сабқатҳои бузурги байналмиллалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд, дохил шуданд. Дар умум каратеистони мо бо гирифтани чор медал натиҷаи хуб нишон доданд. Далер Баротов соҳиби медали нуқра дар вазни 60 кг (+18) гардид.  Ҳамчунин варзишгарони дигари тоҷик Юлдуз Исматуллозода (68кг,+18) ва Шероз Икромов (84кг,+18) дар мусобиқа мақоми сеюмро ноил гаштанд.

"Хеле шодам, ки дар мусобиқа соҳиби медал гаштам. Қаблан ман дар сабқати каратэ-до дар Бидгош (Полша) иштирок намуда соҳиби медали нуқра гардидам. Дар Қазоқистон бошад, мусобиқа барои мунтахаби Тоҷикистон хеле хуб буд  албатта ман мехостам медали тилло ба даст биёрам, вале даст надод, рақобат хеле зиёд буд. Акнун ба мусобиқаҳои дигари байналмиллалӣ омодагӣ мебинам",-гуфт Далер Баротов.

Қаблан мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи каратэ-до шотокан дар Бидгош (Полша) иштирок намуда, соҳиби чор медал гардиданд. Медали тиллоро дар бахши "дзю кумитэ" дар вазни (84 кг, +18) Омонҷон Очилов ба даст оварда,  ҳамчунин дар бахши WKF кумитэ соҳиби медали нуқра гардид. Далер Баротов дар бахши иппон кумитэ медали нуқра ба даст оварда, як медали дигари биринҷиро ба сандуқи кишвар Соҳибҷон Шомуродов (25кг,8-9 сола) дар бахши WKF кумитэ дохил кард.

 

Лентаи хабарҳо
0