Дар рӯйхати нави “ҳуҷҷатҳои Панама” 11 шаҳрванди Тоҷикистон низ ҳаст

© Flickr / F MiraҶазираҳои Вирҷиния. Акс аз бойгонӣ
Ҷазираҳои Вирҷиния. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
НовостиTelegram
Шаш шаҳрванди Тоҷикистон ширкатҳои оффшории худро дар ҷазираҳои Вирҷиния ва Баҳама сабти ном кардаанд. Дар бораи дигар ширкатҳо маълумот дода намешавад.

ДУШАНБЕ, 10 май — Sputnik. Дар рӯйхати нави муштариёни ширкати Панама- Mossack Fonseca, ки гӯё дорои ширкатҳои оффшорӣ аст, номҳои нав ба вуҷуд омадаанд.

Бойгонӣ маълумот дар бораи шаҳрвандони 209 ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Бо дархости калимаи "Тоҷикистон" сомона ному насаб в ҳамчунин суроғаи 12 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ширкатҳои оффшории худро дар ҷазираҳои Вирҷиния ва Баҳама сабти ном кардаанд, нишон медиҳад. Вале номи яке аз ширкатҳо ду маротиба такрор ёфтааст.

Кумитаи андози назди ҳукумати ҶТ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон аз ширкатҳои оффшорӣ андоз меситонанд

Мувофиқи санад, шаш шаҳрванди Тоҷикистон ширкатҳои худро дар ҷазираҳои Вирҷиния ва яктои дигарро дар ҷазираи Баҳама сабти ном кардаанд. Дар бораи дигар ширкатҳо маълумот дода намешавад.

Рӯзномаи олмонии Sueddeutsche Zeitung аввалҳои моҳи апрел гуё ҳуҷҷатҳои ширкати ҳуқуқии Панамаро (Mossack Fonseca), ки тибқи маълумоти рӯзнома далели даст доштани баъзе аз роҳбарони кишварҳоро дар корҳои офшорӣ нишон медиҳад, ба нашр расонид. Дурустии "Ҳуҷҷатҳои Панама" то ҳол расман тасдиқ нашудааст. Худи ширкати Mossack Fonseca фаъолияти журналистонро ҷиноят хонд.

Баъди нашри маълумот мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Панама дар идораи марказии Mossack Fonsec кофтуков гузаронид. Дар дохили бино халта бо ҳуҷҷатҳои вайронкардашуда дарёфт гардид. Дар баробари ин тафтишот аз ҷониби Вазорати молияи ИМА низ гузаронида мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0