ВАО: талаботи “тест” барои муҳоҷирон ҷиддитар мешавад

© Sputnik / Артем Житенев / Гузариш ба медиабонкИмтиҳон аз фанни забони русӣ барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ
Имтиҳон аз фанни забони русӣ барои муҳоҷирон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар нақша ҳаст, ки барои санҷиши муҳоҷирон дар сатҳи федералӣ ва минтақавӣ талаботи якхела ҷорӣ гардад. Назорати санҷиши муҳоҷирон эҳтимолан ба Хадамоти назоратии маорифи Русия ва Вазорати маориф ва илми ФР супорида шавад.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Русия масъалаи ба души дигар мақомот гузоштани назорати санҷиши муҳоҷиронеро, ки мехоҳанд дар қаламрави Русия кор кунанд баррасӣ менамояд, иттилоъ медиҳад рӯзномаи "Известия".

Эҳтимолан ба ҷои ХММ санҷиши тестӣ аз ҷониби Хадамоти федералии назорати маориф ва илм ва ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Русия гузаронида шавад.

Вазорати маориф ва илм талаботи минималиро барои санҷиш пешкаш хоҳад кард, чун то имрӯз минтақаҳо дар алоҳидагӣ тестҳоро тартиб медоданд ва бо кадом талабот фаъолият намудани онҳо ба касе маълум нест, қайд намуд манбаъ аз ҳукумат.

"Бояд маълум кард, ки вазифаи гузаронидани санҷиш ба дӯши маркази федералӣ гузошта мешавад ё дар минтақаҳо мемонад",-гуфт ӯ ба "Известия".

Дар Маскав бозори меҳнати корӣ барои муҳоҷирон фаъол гардид

Ҳамин тавр  пешниҳод шудаст, ки ба қонун "Дар бораи маориф" ба ваколатҳои федералии соҳаи маориф боз як нуқтаи дигар зам карда шавад: ин-ташкил ва гузаронидани санҷиши имтиҳонӣ, аз фанни забони русӣ, таърихи Русия ва қонунгузориҳои Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ва ҳамчунин гузаронидани санҷиш барои гирифтани иҷозатномаи кор ва патент.

Дар баробари гирифтани имтиҳон қисми маблағсупорӣ низ ба души Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия гузошта мешавад.

Қайд мегардад, ки дар мавриди қонунвайронкунӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш ҷорӣ намудани ҷарима дар назар аст.

Мувофиқи маълумоти рӯзнома то охири соли 2015 1,7 миллион нафар имтиҳон супорида дар баробари ин 90 фисади шаҳрвандони хориҷӣ ба хубӣ аз уҳдаи санҷиш баромадаанд.

Бояд қайд кард, ки соли 2015 аз ҳама зиёд шаҳрвандони Узбакистон (44%), Тоҷикистон (23%), Украина (11%), Озарбойҷон (5%), Малдова (4%), Арманистон (3%) ва Қирғизистон (3%) имтиҳон супоридаанд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0