Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи бонувони фаъол ё ба истилоҳ “лидер”

© SputnikДухтарон ҳангоми ҷашнгирии иди Наврӯз дар Душанбе
Духтарон ҳангоми ҷашнгирии иди Наврӯз дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Онҳо дар доираи ин лоиҳа метавонанд ба ниҳодҳои идорӣ роҳ ёбанд ва бо истифода аз фурсат донишу малакаи худро такмил диҳанд.

ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукуматиТоҷикистон бо ташкили як мактаби омӯзишӣ мехоҳад духтарони сарвар ва лидерро омода кунад.

Ба иттилоъи расида, ширкатдорони ин давраҳои омӯзишӣ 30 донишҷӯдухтари аълохону фаъол мебошанд ва дар ин курси вижа дарси роҳбарӣ мегиранд.

Ба қавли масъулини Кумитаи кор бо занон ин давраҳои омӯзишӣ дар доираи барномаи давлатии "Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд" сурат гирифтааст.

Саҳифагардонӣ: занон корҳои ҳарбӣ меомӯзанд

"Ин лоиҳа ба духтарони лаёқатманд, ки имкони хуби пешрафт ба маснадҳои раҳбарӣ дар сохторҳои давлатиро доранд, аз зинаи таҳсилот то ба вазифаҳои баланд роҳ мекушояд",- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ин давраҳои омӯзишӣ, дар назди вазорату идораҳо ва ҳам донишкадаи идоракунии назди президенти Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ба шунавандагони он заноне дарс хоҳанд гуфт, ки дар ин ниҳодҳо вазифаҳои баландтарро ба дӯш доранд.

Иштирокчиёни ин давраи омӯзишӣ роҳандозии "Мактаби духтарони сарвар"-ро барои баланд бардоштани маърифати сиёсии худ муҳим медонанд. Ба қавли онҳо, дар доираи ин лоиҳа метавонанд ба ниҳодҳои идорӣ роҳ ёбанд ва бо истифода аз фурсат донишу малакаи худро такмил диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала