Ҳавопаймои гумшуда, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард ба баҳр афтод

Тибқи маълумоти манбаъ аз ширкати ҳавопаймоии Egyptair, ҳавопаймои мусофиркаш ба баҳри Миёназамин афтодааст. Дар дохили ҳавопаймои A320 наздики 56 мусофир ва даҳ нафар ҳайати сарнишинон қарор доштанд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳавопаймои гумшудаи ширкати Egyptair, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард ба баҳр афтод, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба шабакаи "Маядин".

"Сарчашмаҳои ширкати ҳавопаймоӣ тасдиқ карданд, ки ҳавопаймо ба баҳри Миёназамин афтодааст",-омадааст дар иттилоия.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои мусофирбари A320 дар хатсайри Порис-Қоҳира аз назорат берун шуд. Ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи Шарл-де-Гол парвоз карда буд.

Вазорати мудофиаи  Миср хабар дод, ки алоқа бо ҳавопаймо баъди парвоз ба масофаи 16 км дар фазои Миср канда шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки дар дохили ҳавопаймо 58 ё 59 мусофир ва наздики даҳ нафар ҳайати сарнишинон қарор доштанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала