Экипажи ҳавопаймо дар бораи мушкилот ҳангоми парвоз хабар надода буд

Мақомотҳои Миср ҳамчунин хабар доданд, ки дар бораи норасоиҳо ё мушкилоти техникии ҳавопаймои мусофиркаш, ки ба баҳри Миёназамин афтод ягон сигнал нагирифта буданд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik.  Ҳайати сарнишинони ҳавопаймои (A320) ширкати Мисрӣ, ки дар хатсайри Порис-Қоҳира парвоз мекард ва аз хатти назорат берун шуда буд, дар бораи ягон мушкилоти техникӣ хабар надода буданд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба шабакаи  CNN.

Фурӯдгоҳи Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои гумшуда, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард ба баҳр афтод

"Ҳангоми парвоз аз фурӯдгоҳи Шарл-де-Гол ба Қоҳира ягон норасоии техникӣ набуд ",-иттилоъ дод муовини раиси ширкати EgyptAir Аҳмед Абелон.

Ба гуфти ӯ капитани киштии ҳавоӣ шаш ҳазор соат таҷрибаи корӣ ва ёрдамчиаш чор ҳазор соат таҷриба доранд.

Мақомотҳои Миср ҳамчунин хабар доданд, ки дар бораи норасоиҳо ё мушкилоти техникии ҳавопаймои мусофиркаш, ки ба баҳри Миёназамин афтод ягон сигнал нагирифта буданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои мусофиркаши марбут ба ширкати Egyptair, ки дар хатсайри Порис-Қоҳира парвоз мекард аз хатти назоратӣ ғайб зад.

Дар дохили ҳавопаймои A320 наздики 66 нафар-шаҳрвандони Миср, Арабистони Саудӣ, Фаронса, Британияи Кабир ва Ироқ қарор доштанд, иттилоъ медиҳад шабакаи SkyNews Arabia.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала