Дар дохили ҳавопаймои EgyptAir шаҳрвандони Миср ва Фаронса буданд

© REUTERS / Mohamed Abd El Ghany/File PhotoҲавопаймои ширкати Egyptair. Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати  Egyptair. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Аз Порис ба Қоҳира тавассути хатсайри MS804 30 шаҳрванди Миср, 15 шаҳрванди Фаронса, 2 нафар аз Ироқ ва ҳамчунин як нафарӣ аз Британия, Белгия, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Португалия ва дигар кишварҳо қарор доштанд.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Дар дохили ҳавопаймои гумшудаи ширкати EgyptAir 30 шаҳрванди Миср ва 15 кас аз Фаронса қарор доштанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба Вазорати авиатсияи Миср.

Ҳамчунин дар дохили ҳавопаймо як шаҳрванди Британия, як нафар аз Белгия, ду шаҳрванди Ироқ ва як нафарӣ аз Қувайт, Арабистони Саудӣ, Судан, Чад, Португалия, Алжир ва Канада қарор доштанд.

Фурӯдгоҳи Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ҳавопаймои гумшуда, ки аз Порис ба Қоҳира парвоз мекард ба баҳр афтод

Мувофиқи маълумоти мақомот алоқа бо ҳавопаймо соати 2.30 шаб, ҳангоме, ки ҳаопаймо дар фазои минтақаи баҳри Миёназамин парвоз мекард канда шуд.

Қаблан хабар дода шуд, ки ҳавопаймои мусофиркаши марбут ба ширкати Egyptair, ки дар хатсайри Порис-Қоҳира парвоз мекард аз хатти назоратӣ ғайб зад.

Дар дохили ҳавопаймои A320 наздики 66 нафар қарор дошта ҳавопаймо аз фурӯдгоҳи Шарл-де-Гол парвоз кард.

Ширкати ҳавопаймоии EgyptAir барои таҳқиқи ҳодиса ҳайати амалиёти зудамал, ки аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии гуногун иборат аст ташкил дод.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала