Олимон: синну сол ва одатҳои падар ба саломатии кӯдак таъсир мерасонад

© Flickr / Stephan HochhausКӯдак. Акс аз бойгонӣ
Кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Масалан, истеъмоли ғизои солими мард дар синни ҷавонӣ хатари гирифтор шудани фарзандон ва набераҳои ӯро ба бемориҳои дилу раг коҳиш медиҳад.

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Таҳлили бузург ва муқоисаи натиҷаҳои мушоҳидаи саломатии кӯдакон ва волидайни онҳо нишон доданд, ки синну соли падар ва одатҳои бади ӯ аз ба рушди бемориҳои гуногун дар организми фарзандон таъсир мерасонад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба мақолаи маҷаллаи American Journal of Stem Cells.

"Мо дер боз маълумот дорем ва медонем, ки маводи ғизоие, ки аз тарафи модар истеъмол мешавад ва фазои равонии ӯ фаъолияти ҳуҷайраҳои кӯдаки ӯро бебозгашт тағйир медиҳад. Акнун мо маълум намудем, ки синну соли падарон ва одатҳояшон низ ба кори ҳуҷайраҳои генӣ таъсир мерасонанд. Ҳамин тавр нишонаҳои гении падарон натанҳо ба фарзандон балки ба наслҳои баъдии ин оила таъсир мерасонанд",-изҳор дошт Ҷоанна Китлинска аз Донишгоҳи Ҷорҷтауна (ИМА).

Олимон муайян карданд, ки хоби рӯзона кори қалбро суст мегардонад

Китлинска ва ҳамкоронаш баъди гузаронидани омӯзишҳои гуногун ва муқоиса намудани натиҷаҳои даҳҳо таҳқиқотҳо дар бораи таъсири генетикии ҳуҷайраҳои падар ҳангоми гузаштан бо нутфа ба организми кӯдак ба чунин хулоса омаданд.

Чуноне муаллифони мақола қайд менамоянд, таҳқиқоти гузаронидашуда нишон дод, ки намудҳои мутатсияи  ҳарду ҷинс барои шарҳ додани маҷмӯъи хусусиятҳое, ки кӯдак аз падар ва модари худ мегирад басанда нестанд, ки ин нишони нақши мероси ғайри генетикии одам-эволютсияи инсон мебошад.

Маводи генетикии инсон ва дигар организмҳои зинда бо ядрои махсус бо сафедаҳои вижа бастабандӣ шудааст, ки ДНК-и печонидашударо нигоҳ медорад ва ба "омӯхтани" генҳои алоҳида таъсир мерасонад.

Вақтҳои охир олимон дар "печиши" ДНК нишонаҳоеро пайдо намуданд, ки дар интиқоли маълумоти байни наслҳо иштирок мекунад ва имкон медиҳад то ҳайвонот ва растаниҳо ба зудӣ дар фазои нав ба муҳити нав мутобиқ шаванд. Дар инсонҳо бошад он мушкилиҳои маркаи махсус буда, бо ҳомосексуализм ва худкушӣ дар байни мардум вобаста буданд.

Намоишгоҳи Comic Con Russia ва ИгроМир. Рӯзи сеюм. - Sputnik Тоҷикистон
Олимон оқибатҳои вобастагӣ аз бозиҳои компютериро ошкор карданд

Таҳлили якқатор мақолаҳо оиди ДНК-ҳои волидайн ва фарзандонашон, ҳайвонот ва бачаҳои онҳо нишон доданд, ки ба саломатии фарзандд натанҳо ҳуҷайраҳои модар балки, ҳуҷайраҳои нутфаи падарӣ низ таъсир мерасонад.

Дар навбати аввал нишонаҳои "падарӣ" ба қавли Китлинска ба эҳтимоли рушди бемориҳои модарзод ва кори нодурусти сафедаҳо таъсир мерасонанд.

Аксари чунин дигаргуниҳо аз синну сол ва одатҳои бади падар: масалан фарзандони падари майзада чун падаронашон ба нӯшидан шавқу ҳавс пайдо мекунанд, дар ҳоле, ки модаронашон чунин одат надоранд. Як мисоли дигар фарзандони мардони аз 45 сола боло нисбат ба насли падарони ҷавон аз бемории "шизофрения" бештар азият мекашиданд.

Ҳолатҳои мусбат низ буданд-масалан падароне, ки дар давраҳои ҷавонӣ ғизои солим истеъмол мекарданд, эҳтимоли гирифтори бемориҳои дилу раг шудани фарзандон ва набераҳояшон коҳиш ёфт.

Ҳамаи ин нуқтаҳои дар боло зикршуда ба гуфти Китлинска олимонро водор месозад, то ба мавзӯъи омӯзиши таъсири эпигенетикӣ ба саломатии фарзанд ҷиддӣ назар карда, таъсири "печидаи сафедаҳо"-и натанҳо модарон балки падаронро омӯхта муайян намоянд ва фаъолияти муштараки ин нишонаҳоро ошкор созанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала