Бар асари боришот дар Афғонистон 24 кас қурбон шуданд

© Flickr / Afghanistan MattersВилояти Қундузи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Вилояти Қундузи Афғонистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обхезӣ якчанд деҳаро фаро гирифта, беш аз 200 хонаро дар ин минтақа хароб кардааст. Мутаасифона, сел боиси ҳалокати чанд одам низ гардидааст.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар манотиқи дурдасти музофоти Сарипули Афғонистон бар асари обхезие, ки дар натиҷаи боришоти пай дар пай сар зад, на кам аз 24 нафар қурбон шуданд, иттилоъ медиҳад шабакаи телевизионии "Тулӯъ".

"Дар натиҷаи офати табиие, ки дар минтақаи Куҳистон рух дод, дар маҷмӯъ 10 нафар осеб дида, 40 каси дигар бедарак гаштанд. Обхезӣ якчанд деҳаро фаро гирифта, беш аз 200 хонаро дар ин минтақа хароб кард",- иброз доштааст волии музофот Зоҳир Ваҳдат.

Ба қавли ӯ, обхезӣ ҳамчунин садҳо боғ ва ҳазорҳо гектар заминро шустааст. Теъдоди қурбониён ва осебдидагон низ шояд афзояд.

Тайи як моҳи ахир дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Афғонистон боришоти шадид боиси боло рафтани оби рӯдхонаҳо гардида, селу обхезӣ ба вуҷуд омад.

Қаблан, дар ноҳияҳои Дарвоз ва Панҷакенту Рӯдакии Тоҷикистон низ селу обхезӣ ба сокинон хисороти ҳангуфт ворид карда, беш аз 800 хонаи сокинонро тахриб кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала