Тоҷикистон ва Туркия ҳамкориҳои иқтисодиро баррасӣ карданд

© Sputnik Амир ИсаевШаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи форум намояндагони ду кишвар муҳимияти тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи иқтисод ва савдо ва ташкили корхонаҳои нави муштаракро зарур арзёбӣ карданд.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Ҳамоиши доираҳои тиҷҷории соҳибкорони Тоҷикистону Туркия дар Душанбе  баргузор гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Дар ҳамоиш муовини раиси Палатаи саноат ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон Манзура Рустамова, сафири Туркия дар Тоҷикистон Акиф Айхан, намояндаи сафорати Туркия дар ҶТ Хакки Барутчу, намояндаи Ассамблеяи содиркунандагони Туркия (TİM) Бэсте Дэшенуэр ва ҳамчунин намояндагони дигар соҳаҳои иқтисодии ин кишвар ширкат доштанд.

Шаҳри Истамбул. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷирони турку тоҷик дар Душанбе гирдиҳам меоянд

"Ба Душанбе омадани намояндагони соҳаи иқтисод ва савдои Туркия-ин нишони боварӣ ба рушди соҳаи иқтисоди Тоҷикистон мебошад. Беҳтарин бизнес ин савдо ба хотири савдо ва рушду пешрафти он аст",-қайд кард сафир.

Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш рушди дуҷонибаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, ба имзо расонидани шартномаҳо ва ташкил намудани корхонаҳои ҷадид бо ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ба қавли Рустамова, Туркия яке аз шарикони асосии Тоҷикистон дар соҳаи савдо ба шумор меравад.

"Ҳар ду кишвар ҳам барои тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодӣ шароити хуб доранд. Барои ҳамин ҳам ин ҳамоиш қадами муҳимест дар рушди ҳамкориҳо ва барқарор намудани алоқаи иқтисодии байни Тоҷикистону Туркия",-гуфт ӯ.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала