КТ: экс-директори қабристон мехост 50%-и маблағи тоҷиконро гирад

© Sputnik / Михаил ФомичевКормандони Кумитаи тафтишот дар ҷои ҳодиса. Акс аз бойгонӣ
Кормандони Кумитаи тафтишот дар ҷои ҳодиса. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи кумитаи тафтишот дар парвандаи ҷиноии муноқишаи Хованское пайдо шудани нуқтаи нав "тамаъҷӯӣ"-ро аз эҳтимол дур намедонад.

ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Кумитаи тафтишот, ки ба омӯхтани қазияи занозанӣ дар гӯристони Ховаское машғул аст, бовар дорад, ки раиси қабристон Юрий Чабуев мехост 50 фисади даромади муҳоҷирони тоҷикро, ки ғайриқонунӣ дар ин макон кор мекарданд аз худ намояд, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо истинод ба намояндаи расмии КТР Владимир Маркин.

Ба қавли ӯ қазияи қабристон ҳодисаи "оддӣ" аст ва аллакай тафсилот маълуманд. Асоси он-тамаъҷӯист.

"Корхонаи мунисипалии "Ритуал"  вуҷуд дорад, нахрҳо маълум ҳастанд, одамоне ҳастанд, ки дар ягон ҷо ба қайд гирифта нашудаанд, созмонҳои зиёди тиҷоратӣ дар гирду атрофи ҳамаи ин рушд мекунанд. Одамоне, ки ғайриқонунӣ кор мекунанд албатта маблағи камтар мегиранд. Наздики панҷ сол ин муҳоҷирон фаъолият доштанд ва ҳеч кас ба онҳо кор надошт. Замоне, Чабуев аз онҳо талаб кард то 50%-и маблағи худро ба ӯ супоранд",-нақл кард Маркин.

Ба гуфти ӯ агар роҳбарияти қабристон дар ҳақиқат ҳам бар зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ мубориза мебурд, чуноне, ки ҷонибдоронашон изҳор медоранд, кор бояд дигархел сурат мегирифт. Барои мубориза бурдан бо муҳоҷирони ғайриқонунӣ онҳо на ба гурӯҳҳои дигари ҷиноятпеша балки ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ бояд муроҷиат мекарданд.

Гӯристони Хованское. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Андеша: дар "Хованское" ҳазорон муҳоҷирон ғайриқонунӣ кор мекунанд

"Айни замон роҳбари қабристон дар ташкили фаъолияти ғайриқонунӣ маҳкум карда намешавад, вале вазъият дар рафти тафтишот метавонад тағйир ёбад. Ман илова шудани "тамаҷӯӣ"-ро ба ин қазия аз эҳтимол дур намедонам",-қайд кард Маркин.

Тибқи маълумоти ВКД-и Маскав дар гӯристони мавсум ба "Хованское"-и пойтахти Русия рӯзи 14 май занозании гуруҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Мувофиқи маълумотҳо дар он аз 200 то 500 нафар иштирок кардаанд. Аснои амалиёти пулис беш аз 100 нафар дастгир гардиданд. Ҳалокшудагон низ ҳастанд. Аз рӯи ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала