Дар Тоҷикистон 1 тонна маводи мухаддир нобуд карда шуд

© Sputnik / Гузаштан ба хазинаи аксНобуд кардани маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ
Нобуд кардани маводи мухаддир. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳузури журналистон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва додгоҳ коргарони милитса қисми зиёди ҳашиш, афюн, ҳероин, ки дар давоми ҳамин сол мусодира гардидааст нобуд карда шуд.

ДУШАНБЕ, 20 май- Sputnik. Кормандони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон амалиёти нобуд кардани қисми калони маводи мухадирро анҷом доданд, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии мақомот: 19.05 соли 2016 кормандони ҳивзи ҳуқуқ маводи мухаддирро нобуд карданд.

"Дар ҳузури намояндагони васоити ахбори омма, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, додгоҳ 1 тонна ва 516 кило намуди гуногуни маводи мухаддир, ки дар давоми соли 2016 мусодира гардидааст, нобуд карда шуд",-омадааст дар иттилоия.

Аз ҷумла кормандони мититсия 125кг ҳероин, 373 кг афюн, 565 кг, 385 кг бангдонаи хушк, 159 ниҳолҳои худрӯи бангдона ва дигар намуди маводҳои мадҳушкунандаро нобуд сохтанд.

Қаблан хабар дода шуд, ки шурӯъ аз аввали соли 2016 кормандони ҳифзи ҳуқуқ наздики 300 кг нашъа дарёфт ва мусодира намуданд. Ҳаҷми умумии маводи мухаддир нибсат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта 51,5 килограм зиёдтар аст.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала