Ванҷ: дар Язгулом мусобиқаи гуштии миллӣ баргузор мешавад

© SputnikҶашни Нарӯз.Гуштини миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷашни Нарӯз.Гуштини миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар рӯзи мусобиқа "ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат ба якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ мусобиқаи гуштии миллӣ баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД ҶТ.

Ин сабқат бо ибтикори Вазорати умури дохилӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон созмон ёфта, бахшида ба Рӯзи ҷавонон ва раъйпурсии умумихалқӣ дар ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ баргузор мешавад.

Манбаъ мегӯяд, кулли хоҳишмандон ва мухлисони ин намуди варзиш барои иштирок ва ҳаводорӣ ба  мусобиқа даъват карда мешаванд.

Дар рӯзи мусобиқа ҷавонон баҳри дӯстию меҳр ба Ватану миллат ба якдигар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи хонадони ҳар як сокини кишвар тӯҳфа менамоянд.

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, шоҳҷоизаи гуштии миллӣ автомашинаи сабукрав хоҳад буд.

Лентаи хабарҳо
0