Донишҷӯёни Кореяро бо синамои тоҷик шинос карданд

© Sputnik / РИА Новости / Гузаштан ба хазинаи аксЛаҳзае аз кинофилми "Рустам ва Сӯҳроб". Акс аз бойгонӣ
Лаҳзае аз кинофилми Рустам ва Сӯҳроб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар донишгоҳи Кангнам Рӯзи синамои тоҷик аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки дар ин мамалакат таҳсили илм доранд баргузор гардид. Дар доираи рӯзҳои синамо ба тамошобинон филми “Рустам ва Сӯҳроб” нишон дода шуд.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Дар шаҳри Йонини Кореяи Ҷанубӣ Рӯзи синамои тоҷик баргузор гардид.

Чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯёни тоҷик, ки дар факултаи муносибатҳои байналмиллалии донишгоҳи Кангнам таҳсил мекунанд ташкил карда шуд.

Ба донишҷӯёни кореягӣ филми давраҳои советии "Рустам ва Сӯҳроб", ки соли 1971 ба навоб гирифта шуда буд, намоиш дода шуд.

Ба фикри донишҷӯёни тоҷик чунин чорабиниҳо баро шинос намудани халқҳои дигари мамлакатҳои дунё бо фарҳанги Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки филми "Рустам ва Сӯҳроб" дар заминаи достони  "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ  соли 1971 таҳия шудааст. Коргардони филм Борис Кимёгаров буда, худи ҳамон сол ӯ филми дигарро таҳти унвони "Достони Рустам"  низ таҳия карда буд. Дар баробари ин филмҳои "Ливои оҳангар" ва "Достони Сиёвуш" низ таҳти коргардонии Борис Кимёгаров ба навор гирифта шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала