Ширкати “Сомон Эйр” соҳиби сертификати IOSA гардид

CC BY-SA 2.0 / ERIC SALARD / P4-SOMҲавопаймои ширкати "Сомон Эйр". Акс аз бойгонӣ
Ҳавопаймои ширкати Сомон Эйр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз ин дастоварди худ, ки инъикосгари устувории корхона ва фаъолияти фидокоронаи мутахассисони кордони муассиса мебошад, ифтихор дорад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз байни ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аввалин шуда, аз аудити амалии амнияти арвозҳои IATA (IOSA) гузашта, сертификати IOSA-ро соҳиб шуд.

Дафтари марказии ширкати Сомон Эйр дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
"Сомон Эйр" хатсайри ҳавоии Душанбе-Кобул-Душанберо ифтитоҳ мекунад

Маросими супоридани сертификат дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Сарвари кулли   ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" Эвхенио Хайме Манзано сертификатро аз намояндаи минтақавии Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ дар Осиёи марказӣ Ҷордан Карамалаков қабул намуд.

Ба иттилоъи сухангӯи ширкати "Сомон Эйр" Тимур Бандишоев, дар ҷараёни аудит, ки гузаштани он барои дархости узвияти комилҳуқуқи IATA (Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) ҳатмӣ мебошад, кулли раёсатҳои истеҳсолии ширкати ҳавопаймоӣ санҷида шуданд.

"Бо дарёфти сертификати бақайдгирӣ ба сифати оператори IOSA, ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба талаботи байналмилалии бехатарии парвозҳо ҷавобгӯ гардид. Пас аз 8 соли фаъолият "Сомон Эйр" ҳамоно пешсафи соҳа буда, дастёбӣ ба сертификати бақайдгирии ширкат ба сифати оператори IOSA марҳилаи муосиру тоза дар таърихи музаффариятҳои ширкат мебошад",- афзуд оқои Бандишоев.

Ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" ба рушди минбаъдаи ҳамкории муассиса бо ширкатҳои ҳавопаймоии аъзои IATA (Асотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ) эътимоди қавӣ дорад.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала