Олимон бефоида будани хӯроки парҳезии бенамакро исбот карданд

© Flickr \ Benjamin Linh VUТарозу. Акс аз бойгонӣ
Тарозу. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз се грамм камтар истеъмоли намак дар давоми рӯз ба саломатии инсон аз ҷумла ба низоми кори дилу рагҳо зарар дошта, эҳтимолияти зиёд шудани хатари гирифторӣ ба сактаи дил, инсулт ба дигар намуди бемориҳоро зиёд мекунад.

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Истифодаи ками намак барои саломатӣ фоида наоварда баръакс дар аксари мавридҳо метавонад хатари афзоиши бемориҳои дилу рагро зиёд намояд ва боиси марги инсон гардад, иттилоъ медиҳад РИА Новости бо такя ба мақолаи маҷаллаи Lancet.

"Истифодаи мӯътадили намак каме фишори хунро паст менамояд, вале ба дигар намуди бемориҳо аз ҷумла ба афзоиши сатҳи баъзе ҳормонҳо оварда мерасонад. Ин  хабар барои одамоне, ки аз бемории гипертония азият мекашанд, хеле муҳим аст",-мегӯяд Эндрю Менте аз донишгоҳи Макмастери  Гамилтон (Канада).

Кӯдак. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Олимон: синну сол ва одатҳои падар ба саломатии кӯдак таъсир мерасонад

Менте ва ҳамкоронаш баъди мушодиҳа кардани вазъи саломатии зиёда аз 130 ҳазор нафар аз 49 давлати дунё, ки аз ҷониби донишгоҳи Макмастер ташкил карда шуд ба чунин хулоса омаданд. Дар доираи ин санҷиш олимон мунтазам намунаи хуни иштирокяиёнро санҷида ҳамчунин маълумотро дар бораи парҳез, одатҳои бад, бемориҳо ва дигар омилҳое, ки ба давомнокии зиндагӣ ва саломатии инсон таъсир мерасонад, омӯхтанд.

Олимон мехостанд муайян намоянд, ки организми инсон ба парҳезҳои муосир, ки истифодаи намакро ба қадри зиёд инкор мекунанд, махсусан барои нафароне, ки аз бемориҳои фишори баланди хун ва дигар касалиҳои дил азият мекашанд чӣ гуна аксуламал нишон медиҳад.

Баъд аз таҳлили вазъи саломатии иштирокчиёни озмоиш  ва мунтазамии марги онҳо, олимон ба хулоса омаданд, ки парҳези бенамак ба организми инсон махсусан ба нафароне, ки аз баландшавии фишори хун азият намекашанд, фоида нест.

Олимон муайян карданд, ки хоби рӯзона кори қалбро суст мегардонад

Зиёда аз ин Менте ва ҳамкоронаш меъёри истеъмоли намакро муайян намуданд-ин се грамм намак дар як рӯз,-дар сурати аз ин камтар кардани истеъмоли намак ба саломатии инсон аз ҷумла ба кори дилу раг таъсири манфӣ мерасонад. Ин бастагиро олимон ҳангоми санҷиш, ки дар давоми он иштирокчиёне, ки наздики ду граммм намак истеъмол менамуданд бештар аз бемории сактаи дил, инсулт, дар қиёс бо нафароне, ки намакро мунтазам дар ғизояшон истифода мебурданд, ба ҳалокат мерасиданд, нишон доданд.

Ба гуфти олимон танҳо ба ду гурӯҳи одамон: нафароне, ки аз бемории гипертония азият мекашанд ва одамоне, ки зиёда аз чор грамм намакро дар як рӯз истифода мебаранд, чунин парҳез лозим аст. Барои ҳамин ҳам метавон гуфт, ки парҳези бенамак бефоида буда, ҳатто барои аксари аҳолии ҷаҳон зараровар мебошад.

Лентаи хабарҳо
0