Душанбе «Корвони тиҷоратии Покистон»-ро пазируфт

© Сайт ТПП РТБа Душанбе корвони Покистон омад
Ба Душанбе корвони Покистон омад - Sputnik Тоҷикистон
Дар доираи ин чорабинӣ баргузории форуми тиҷоратии доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Покистон дар назар буда, ҳамчунин намоиши барномаи фарҳангӣ сурат мегирад.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар меҳмонхонаи мавсум ба "Хайят Реҷенси"-и шаҳри Душанбе намоишгоҳи дурӯзаи маҳсулоти Покистон ба кор шурӯъ кард, иттилоъ медиҳад Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон.

 Ин чорабинӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ва сафорати Покистон дар Қазоқистон, инчунин дар ҳамдастӣ бо Палатаи савдо ва саноати ҶТ дар доираи сафари ҳайати  соҳибкорону тоҷирони ин кишвар таҳти унвони "Корвони тиҷоратии Покистон" ташкил шудааст.

Ба иттилоъи манбаъ, дар намоишгоҳ маҳсулоти ширкатҳои соҳаҳои саноати сабук, истеҳсолкунандагони масолеҳи сохтмон, доруворӣ, сарулибосу таҷҳизоти варзишӣ ва дигар маҳсулоти Покистон ба маъраз гузошта шудааст.

Покистон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Исломобод: Тоҷикистон шарики асосии Покистон дар минтақа мебошад

Ҳамчунин бахшида ба "шоҳи меваҳо"-и Покистон дар ин чорабинӣ ҷашнвораи "Манго" низ гузаронида мешавад, ки дар ин ҷо метавон ин меваи тропикиро дастрас карда, дар бораи он маълумот пайдо намуд.

Дар маросими ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Манзура Рустамова изҳор намуд, ки тайи солҳои ахир Покистон ҳаҷми савдо бо Тоҷикистонро тавсеъа бахшида, он ба афзоиши ҳаҷми муомилоти дуҷониба мусоидат кард ва агар соли 2011 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Покистон ҳамагӣ 15 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода бошад, аллакай соли 2014 ҳаҷми он то ба 89 млн. доллари ИМА расид.

Сафири Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сомро тавсияи раҳбарияти кишварҳо дар бораи солҳои наздик то ба 500 млн. доллари ИМА расонидани ҳаҷми муомилоти молиро хотиррасон намуда, зикр кард, ки ноил гардидан ба ин нишондиҳандаҳо дар ояндаи наздик комилан имконпазир аст ва барои муваффақ гардидан ба ин мақсад имконоти бузурги мавҷударо истифода мебояд кард.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала