Ҳаракати “Толибон” роҳбари нав интихоб кард

© AP / str/Haider ShahНамояндагони ҳаракати Толибон. Акс аз бойгонӣ
Намояндагони ҳаракати Толибон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар ҷаласаи шӯрои ҳаракати радикалӣ, ки баъди марги роҳбари собиқ мулло Мансур, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишин ба ҳалокат расид баргузор гардид, роҳбари ҷадид Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода интихоб шуд.

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Сардори ҷадиди гурӯҳи радикалии "Толибон" дар Афғонистон Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода интихоб гардид, хабар медиҳад РИА Новости бо такя ба оҷонсии Khaama Press.

Ҷангиёни Толибон дар кӯчаҳои Қундуз 28 сентябри соли 2015. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВАО: "Толибон" дар муддати се рӯз роҳбари нав интихоб мекунанд

Камандир Сироҷиддин Ҳаққонӣ ва писари роҳбари собиқ мулло Яъқуб муовинони раиси ҷадид интихоб шуданд. Қарор дар бораи вазифаи роҳбарӣ дар ҷаласаи шурои ҳаракати радикалӣ қабул гардид.

Интихоби роҳбари нав баъди  бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини ИМА ба собиқ сардори ин гурӯҳи ҷиноятпеша ва ҳалоки ӯ сурат гирифт.

Марги роҳбари гурӯҳи радикалии "Толибон" аз ҷониби нахуствазири Афғонистон Абдуллоҳ Абдуллоҳ тасдиқ гардид.

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала