ВКД ба ҷустуҷӯ ва боздошти қаллобон иқдом мекунад

© РИА Новости/Аврора . Я.Паустовская, М.Графчиков / Гузаштан ба хазинаи аксПулис ба сӯи гурӯҳи қаллобон оташ мекушояд. Акс аз бойгонӣ.
Пулис ба сӯи гурӯҳи қаллобон оташ мекушояд. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳолатҳои зиёди қаллобӣ ва фиреби сокинон ин сохторро маҷбур кардааст, ки даст ба иқдоми фарогир барои ҷилавгирӣ ва боздошти муҷримин занад.

ДУШАНБЕ, 26 май — Sputnik. Кормандони шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои Шоҳмансур ва Фирдавсии шаҳри Душанбе ба тафтишу таҳқиқи арзу шикояти ду сокини пойтахт, ки яке марди 44-сола ва дигар зани 54-сола оғоз намуданд.

Ба иттилоъи дафтари матбуотии ВКД ҶТ, ин сокинон  афродеро ба қаллобӣ муттаҳам мекунанд,  ки амволашонро гирифта бозпас нагардонидаанд.

Дастбандҳо. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Суғд: сокини шаҳри Гулистон 6 сол ҳукм гирифт

"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансур марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки марди 45-солаи сокини шаҳри Душанбе ба бовариаш даромада, аз ӯ 17.564 доллари амрикоӣ ва як адад автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс"-ро, ки арзишаш 8000 доллари амрикоиро ташкил медод, гирифта то ҳол барнагардонидааст",- меафзояд манбаъ.

Ҳамзамон, ба ҳамин монанд ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ низ зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2014 марди 31-солаи сокини пойтахт ба бовариаш даромада, то ҳол барнагардонидааст.

Нисбати ин ду далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишоти мақомот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0