СММ ба сокинони ноҳияи Рӯдакӣ кӯмак кард

© Sputnik Амир ИсаевОқибати омадани сел. Акс аз бойгонӣ
Оқибати омадани сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Наздики 600 сокинони ҷамоати Турсунзода, ки манзилҳои зисташон бар асари боронгариҳои шадид зери об монда буданд, бо маводи ғизоии якмоҳа аз ҷумла орд, донагиҳо, равғани растанӣ, намак ва ғайраҳо таъмин гардиданд.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ ба 600 сокини ҷамоати Туранзодаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки бар асари боронгариҳои шадид  зарар диданд, кумаки башардӯстона кард, иттилоъ медиҳад торномаи созмон.

Ҳафтаи гузашта дар қаламрави Тоҷикистон боронгариҳои шадид ба вуқӯъ пайваст, меъёри якмоҳаи борон дар муддати се рӯз борида буд. Шаби 12 май дар қаламрави ду деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ бар асари боришоти шадид зиёда аз 2500 манзили зист зарар диданд.

Оқибатҳои фаромадани сел. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Дар натиҷаи омадани сел дар Тоҷикистон ду нафар ҳалок гардид

Барномаи умумиҷаҳонии озуқавории СММ сокинони ин минтақаҳои зарардидаро бо хӯроки якмоҳа маводи озуқаворӣ аз ҷумла орд, донагиҳо, равғани растанӣ, намаки йоддор ва ғайраҳо таъмин намуд.

Дар манотиқи  шимоли Тоҷикистон, дар ноҳияҳои Панҷакент ва Айнӣ 147 манзили зист бар асари боронгариҳои зиёд вайрон гардида, боғҳои наздиҳавлигӣ зери об монданд. Дар пайи боришот дар ноҳияиҳои шимоли ҷумҳурӣ ду нафар ба ҳалокат расиданд. Ҳукумати шаҳри Панҷакент барои  сокинони зарадида барои бунёди манзили зист заминҳои нав ҷудо кард.

 

Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала